Беш аз 300 нафар сарбозони навдаъватшуда савганди ҳарбӣ ёд карданд
Душанбе, 11.05.16. /АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе маросими Савганди ҳарбии беш аз 300 нафар сарбозони навдаъватшуда баргузор гардид.
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии (КДАМ) ҶТ хабар доданд, дар маросими тантанавӣ бахшида ба ин рӯз, Фармондеҳи қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ генерал-лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, намояндагони мақомоти сарҳадии Федератсияи Русия дар Тоҷикистон, собиқадорони қӯшунҳои сарҳадӣ, ҶДҶ ва ҷанговарони интернатсионалист, падарону модарони сарбозон ва дигар меҳмонон иштирок доштанд.
Р.Раҳмонов гуфт, ки мубориза бар зидди ҳама гуна хатарҳои эҳтимолӣ, бахусус терроризми байналмилалӣ, экстремизми сиёсӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб аз ҳар як афсару сарбоз омодабошии доимии ҳарбиро тақозо менамояд, зеро ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ ба ҳар як фарди содиқ ва бонангу номуси ин Ватан вобастагӣ дорад. Вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як хизматчии ҳарбӣ- ин садоқат ба Ватан ва савганди ҳарбӣ мебошад.
Хизмат ба Ватан-Модар бояд барои ҳар як сарбозу афсар ифтихору шараф бошад ва онҳо Ватанро ҳамчун модари худ дӯст доранд ва мисли гавҳараки чашм эҳтиёт намоянд.
Сарбози навдаъватшуда Навруз Боев зикр кард, ки мо, сарҳадбонон бояд бо интизоми намунавӣ, маҳорати баланди касбӣ, шуҷоату далерӣ ва садоқату ҷасорат нисбат ба иҷрои нишондодҳои савганди ҳарбӣ ҳамеша намунаи ибрати дигарон бошем. Имрӯзҳо сарҳадбонони тоҷик бо як рӯҳи баланд ва ҳисси мардонагиву ватандӯстӣ марзи кишварро ҳифз менамоянд. «Мо низ барои боз ҳам дар сатҳи баланд тарбия ва тайёр намудани ҷисму ҷони худ саҳму кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳем, ки сазовори боварии роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми Тоҷикистон бошем».
Дар маросими тантанавӣ ба афсарону сарбозон барои ба натиҷаҳои назаррас расидан аз номи Фармондеҳи қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ ифтихорномаҳо, нишонҳои сарисинагӣ, медалҳои ҷашнӣ тақдим гардиданд. Пас аз маросими савгандёдкунӣ, сарбозон ва ҳайати шахсии Маркази таълимии «Пойтахт» бо марши тантанавӣ аз назди меҳмонон гузаштанд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






