Бигузор ҷавонон дар умури давлатӣ иштирок кунанд
06.05.2016 (АМИТ «Ховар»). Рӯзҳои 26 апрел – 4 майи соли равон гурӯҳи вакилони парлумони кишвар бо мақсади шарҳ додани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинони шаҳру ноҳияҳои мамлакат вохӯриҳо доир намуданд. Хабарнигори АМИТ «Ховар» вобаста ба зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи мамлакат бо чанд савол ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Ӯрунхоҷаев №15 Ҷаббор Ахмедов муроҷиат намуд.
АМИТ «Ховар»: Дар баъзе доираҳои иттилоотӣ ақидаҳо вуҷуд доранд, ки гӯё ворид намудани тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хилофи санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ мебошанд. Оё ин ақидаҳо асос доранд?
Ҷаббор Ахмедов: Ҷумҳурии Тоҷикистон субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ буда, зиёда аз 140 давлати ҷаҳон кишвари моро ба расмият шинохтаанд. Ҳамчунин Тоҷикистон аъзои ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории Шанхай ва монанди инҳо мебошад. Аз ин рӯ Тоҷикистон уҳдадор аст, ки ҳамаи шартномаҳои байналмилалии эътирофшударо риоя намояд. То ба имрӯз кишвари мо ҳамаи шартномаҳои байналмилалиро иҷро кардааст ва минбаъд низ дар доираи қонунгузориҳо иҷро мекунад. Дар баробари ин ҳеҷ кас, ягон давлати алоҳида ва ё ташкилоту созмон наметавонад соҳибихтиёрии Тоҷикистонро халалдор созад ва ё ба он дахолат кунад.
Ташаббуси гурӯҳи вакилони Маҷлиси намояндагон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ пурра ҷавобгӯи меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ мебошад. Чунончӣ, мутобиқи моддаи 22 Аҳдномаи байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, ки соли 1966 қабул шудааст, маҳдудиятҳои ҷоришаванда ба моддаи 8-уми Конститутсия раво дониста шудаанд. Мутобиқи Аҳдномаи мазкур ворид намудани чунин маҳдудиятҳо бо роҳи қонунӣ ва барои таъмини бехатарии давлат ва ҷамъият, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи саломатӣ ва ахлоқи аҳолӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва озодии шахсони дигар ҷорӣ карда мешаванд. Ҳамчунин ворид кардани чунин маҳдудиятҳоро санадҳои расмии маҷлиси копенгагении конфронси Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо соли 1990 дар моддаи 24 иҷозат додааст. Аз ин лиҳоз ташаббуси вакилони халқ қонунианд ва онро зери шубҳа гузоштан мумкин нест. Ҳаминро илова карданӣ ҳастам, ки тавозуни амалӣ намудани лоиҳаҳои устувору пойдор кардани сулҳу субот ва осоиштагӣ бо лоиҳаҳои ислоҳоти иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсӣ бояд нигоҳ дошта шавад. Кафолати озодиҳои шаҳрвандӣ бе таъмини амният имкон надорад. Демократияе, ки боиси парокандагии мардум, заиф гардидани мақомоти идоракунии давлатӣ мегардад, аҳли ҷомеаро ба ҳаводиси фоҷиа тела медиҳад, ягон арзиш надорад.
Тавре ки ба назар мерасад, имрӯзҳо дар ҷаҳони муосир озодии сухан, озодии эътиқод, озодии ақидаро ба манфиатҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии дигар кишварҳо пойбанд карданӣ мешаванд. Ин арзишҳо бо суиистифода аз захираҳои молиявӣ, манфиатҳои гурӯҳӣ ва шахсӣ ба усул ва ё василаи муборизаҳои гурӯҳӣ, миллӣ, динӣ ва байналмилалӣ мубаддал шудаанд. Ҳодисаҳои дар кишварҳои хориҷӣ рӯйдода намунаи равшани гуфтаҳои боло мебошанд.
АМИТ «Ховар»: Шумо аз ворид шудани тағйиру иловаҳо ба моддаи 8-уми Конститутсия ёдовар шудед. Хуб мешуд агар ин мавзӯъро тавзеҳи бештар медодед.
Ҷаббор Ахмедов: Ба моддаи 8 -уми Конститутсия ду тағйирот пешниҳод шудааст, ки сабабҳои худро доранд. Пеш аз ҳама, пешниҳод шудааст, ки дар қисми чоруми моддаи 8 калимаи «ташкилотҳои» ба «иттиҳодияҳои» иваз шавад. Мафҳуми калимаи «иттиҳодия» назар ба калимаи «ташкилот» васеъ буда, ҳамаи навъи созмонҳо, аз ҷумла, созмонҳои диниро низ фаро мегирад. Ҳамчунин қисми шашуми моддаи 8 дар таҳрири нав пешниҳод шудааст, ки тибқи он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ҳизбҳои сиёсии дигар давлатҳо, таъсиси ҳизбҳои хусусияти миллӣ ва динидошта, инчунин маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ аз ҷониби давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ манъ аст.
Бояд таъкид намуд, ки ҳизбҳои сиёсӣ барои ба сари ҳокимият омадан муборизаи сиёсӣ мебаранд. Ин мубориза бояд дар доираи Конститутсия ва қонунҳо, бе дахолати давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ сурат гирад.
Як падидаи номатлубе, ки солҳои охир бисёр мамлакатҳоро ба ташвиш оварда, вазъияти онҳоро нотинҷ кардааст, ин фаъолияти ғайриқонунии ҳизбу ҳаракатҳои дорои характери динӣ, миллӣ, экстремистию террористӣ ба ҳисоб меравад. Ба ҳамагон маълум аст, ки бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти чанде аз ин ҳизбу ҳаракатҳо дар ҷумҳурӣ манъ карда шудаанд. Аз ҷумла, фаъолияти Ҳизби наҳзати ислом, Ҳизб-ут-таҳрир, Салафия, Таблиғ, Ансоруллоҳ, Ҳаракати исломии Ӯзбекистон ва дигар ҳизбу ҳаракатҳои дорои характери динӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ мамнӯъ мебошад.
Бояд зикр намоям, ки баъди ворид намудани тағйирот ба Конститутсия (с.1999) ҳукумати мамлакат шароити мусоиду баробар фароҳам овард то мардуми кишвар ва ҳизбу ҳаракатҳои расман эътирофгардида ба раванди демократикунонии ҷомеа, созандагӣ, таъмини сулҳу субот дар ҷумҳурӣ ҳамроҳ шаванд. Таҷриба ва равандҳои ҳаёти сиёсӣ-ҷамъиятии ин давра нишон доданд, ки мардуми кишвар ба ин раванди созандагӣ шомил гардида тавонистанду аммо ҳизбу ҳаракатҳои дорои характери динӣ худро аз ин раванд дар канор гирифтанд. Зиёда аз ин онҳо даст ба ошӯби ҳарбӣ ва хиёнат ба Ватану миллат заданд. Ин интихоби худи онҳост. Аз ин лиҳоз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба моддаи 8 Конститутсияро иқдоми саривақтӣ ва зарурӣ меҳисобам. Манъ кардани фаъолияти ҳизбҳои сиёсии дигар давлатҳо дар ҷумҳурӣ, таъсиси ҳизбҳои дорои хусусияти миллӣ ва динӣ, инчунин маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ аз ҷониби давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ — як зина боло бурдани масъулияти ҳизбҳои сиёсӣ буда, барои аз хориҷи кишвар пешгирӣ кардани дахолат ба корҳои дохилӣ заминаи устувор мегузорад. Ин иқдоми дурандешона барои ҳифзи истиқлолият ва ҳимояи манфиатҳои давлатии Тоҷикистон равона шудааст.
Дар ин пешниҳод ҳамчунон зикр гардидааст, ки таъсиси ҳизбҳои сиёсии дорои хусусияти миллӣ низ манъ аст.
Таъсиси ҳизби сиёсӣ дар заминаи намояндагони миллати алоҳида (миллӣ) дар ҷавҳари худ метавонад ба ҷудоиандозӣ, низоъҳо ва муноқишаҳои миллӣ оварда расонад. Агар миллатҳое, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, аз ҷумла тоҷикон, узбекон, туркманҳо ва қирғизҳо дар алоҳидагӣ ҳизбҳои сиёсии худро таъсис намоянд, тасаввур кунед, ки ин чӣ пайомадҳои манфӣ ба бор хоҳад дошт. Аз ин рӯ, дар кишварҳои Булғористон, Қазоқистон, Узбекистон ва ғайраҳо таъсиси ҳизби сиёсии дорои хусусияти миллӣ дар сатҳи Конститутсия манъ карда шудааст.
Ҳизбҳои сиёсӣ, ки фаъолияти асосии онҳо муборизаи сиёсӣ мебошад, набояд аз дин ва созмонҳои динӣ истифода баранд. Эътиқод ба дин кори шахсии (хусусии) ҳар як инсон мебошад. Шахс бояд дар интихоби дин, ба ҷо овардани ибодат ва дигар расму оинҳои динӣ озод ва мустақил бошад. Ҳизби сиёсӣ, ягон созмон, фарди алоҳида набояд ба эътиқоди динии шахс дахолат кунанд ё аз он суиистифода намоянд. Таъсис додани ҳизби сиёсии дорои хусусияти динӣ бо истифода аз дин ва эътиқоди динии шахс, арзишҳои динию мазҳабӣ омехта кардани дин ба сиёсат мебошад. Бинобар ин давлатҳое, ки дар онҳо таъсири дин зиёд аст, ташкили ҳизбҳои сиёсии дорои хусусияти диниро дар сатҳи конститутсияҳои давлати хеш манъ кардаанд.
АМИТ «Ховар»: Оид ба тағйироте, ки дар моддаи 49 пешниҳод шудаанд, аз ҷумла қисми панҷуми моддаи мазкур дар таҳрири нав чӣ мулоҳиза доред?
Ҷаббор Ахмедов: Бояд зикр намуд, якхела намудани меъёри синнусолӣ ба мансабҳои давлатии ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла, хизматчии давлатии сиёсӣ сабабҳои худро дорад. Ҳоло қариб 70 фоизи аҳолии мамлакатро ҷавонон ташкил медиҳанд. Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» шахсони аз 14 то 30 сола ҳамчун гурӯҳи иҷтимоии демографии ҷавонон муқаррар шудаанд. Таҷриба ва мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки шахс дар 30 — солагӣ ҳам аз ҷиҳати биологӣ ва ҳам аз лиҳози ақлу дониш ба камолот мерасад, пухта мешавад ва омодааст, ки вазифаи масъулро ба зиммаи худ гирад. Ҷавонон метавонанд бо нигоҳи наву тоза, донишҳои замонавӣ, часпу талош ва ташаббусу истодагарӣ дар мавқеи худ барои рушди ояндаи Тоҷикистони азиз такони судбахш бахшанд.
Бояд зикр кард, ки моҳи декабри соли 2015 Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид қарор қабул намуд, ки дар он хатари асосии рушди босуботи ҷаҳонӣ – афзоиш ёфтани рӯҳияи ифротгароӣ дар миёни ҷавонон қайд гардидааст.
Ҳадаф аз ворид кардани тағйирот, аз ҷумла ба моддаи 49 ҷалб намудани шумораи бештари ҷавонон ба идораи давлатӣ мебошад. Бигузор онҳо ба фаъолияти сиёсӣ дар асоси Конститутсия ва дигар қонунҳои амалкунанда ворид шаванд ва дар раванди бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ бевосита иштирок кунанд.
Суҳбати Акрам Сангзода