Боз як имконияти ба Бозиҳои олимпӣ роҳхат гирифтан аз даст рафт
Душанбе, 11.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. 6-8 май дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон мусобиқаи байналмилалии дзюдо Grand slam (Тоскулоҳи бузург) ба анҷом расид. Дар рӯзи аввали мусобиқа Фарҳод Раҳимов дар вазни то 81 кило дар даври аввал аз Карлос Луз (Португалия) мағлуб шуд. Дар ин вазн Нагасе Таканори аз Ҷопон пирӯз гардид.
Саидҷалол Саидов низ дар вазни то 100 кило Рафаэл Бузагариниро (Бразилия) мағлуб карда натавонист ва ба бохт рӯ ба рӯ шуд.
Намояндаи дигари кишварамон Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар вазни беш аз 100 кило дар вохӯрии аввал Мичел Ҳоракро (Ҷумҳурии Чех) шикаст дода, дар рақобати дуввум аз Темуулен Баттуғла (Муғулистон) шикаст хӯрд.
Ба ҳамин тариқ, боз як имконияти ба бозиҳои олимпии Рио-2016 роҳхат гирифтан аз даст рафт. Дар ҳисоби умумидаставӣ тими мунтахаби Ҷопон бо 3 медали тилло, 1 нуқра ва 2 бириҷӣ мақоми аввал, Испания (2-0-1) ҷойи дуюм ва Нидерланд (1-2-0) ҷойи сеюмро ба даст оварданд.








Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд






