Бозингарони тими мунтахаби футболи Гуам муҷозот шуданд
Душанбе, 5.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи хабари сомонаи ФИФА бозингарони дастаи мунтахаби Гуам оид ба футбол, ки дар бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё -2019 ва Ҷоми ҷаҳон -2018 дар гурӯҳи D ҳунарнамоӣ доштанд, ба муҳлати 30 рӯз аз ҳаққи ширкат дар бозиҳои футбол дур карда шуданд. Ин қарорро Кумитаи одоби ФИФА ба тасвиб расонидааст.
Футболбозони дастаи мунтахаби Гуам на танҳо дар бозиҳои байналмилалӣ, балки дохилӣ низ иштирок карда наметавонанд. Сабаби муҷозот он аст, ки ҳангоми ташхиси тиббӣ баъди вохӯрӣ бо дастаи мунтахаби Уммон (0:1) дар таркиби хунашон допинг кашф шудааст ва бозингарон ба истеъмоли он муттаҳам мешаванд.
Барои чунин бенизомӣ дар ҳаққи бозингарон парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






