Бунёди иншооти нав дар Шуғнон ба ифтихори ҷашни Ваҳдати миллӣ

Май 18, 2016 10:33

Душанбе, 18.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 19-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Шуғнони ВМКБ  якчанд иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд, ки яке аз онҳо мактаби нави ба номи аввалин генерали тоҷик Мастибек Тошмуҳаммадов дар ҷамоати деҳоти Поршневи ин ноҳия мебошад.
Мактаби мазкур барои 464 хонанда пешбинӣ шуда, аз 18 синфхонаи таълимӣ иборат аст. Дар ин баробар муассисаи таълимии мазкур дорои кабинетҳои химия, физика, толори компютерӣ, китобхонаи электронӣ, толори варзишӣ, маҷлисгоҳи умумӣ ва ошхона буда,  тамоми синфхонаҳо ва кибинетҳои фаннӣ бо лавозимоти хонишу технологияи муосир муҷаҳҳаз гардонида мешаванд.
Дар  атрофи ин муассисаи таълимӣ, ки  масоҳати умумии он дар маҷмӯъ 1,5 га мебошад, дарахтони сояафкан ва мевадиҳанда шинонида хоҳанд шуд.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон иттилоъ доданд, дар рӯзҳои ҷашни Ваҳдати миллӣ бинои нави Раёсати кишоварзии ноҳия низ мавриди истифода қарор гирифта, барои бунёди Қасри фарҳанг санги асос  гузошта мешавад.

Май 18, 2016 10:33

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад