Дар АНМН ҷаласаи ситод оид ба гузаронидани амалиёти «Кӯкнор-2016 баргузор гардид
Душанбе, 19. 05.16./АМИТ «Ховар»/. 18 май дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи якуми Ситоди ҷумҳуриявии амалиёти Кӯкнор-2016 баргузор гардид.
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти агентии мазкур хабар доданд, ҷаласа бо мақсади амалӣ намудани Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 ва мутобиқи Фармоиши Роҳбари Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд ва дар он масъалаҳои ташкилӣ оид ба гузаронидани амалиёти Кӯкнор-2016, инчунин ҳамкории вазорату идораҳои дахлдор баррасӣ гардиданд.
Ба иттилои манбаъ, нақшаи чорабиниҳои Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба гузаронидани амалиёти Кӯкнор-2016 тасдиқ гардид ва масъалаҳои ташкили ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва вазорату идораҳои дахлдор бо мақсади коркарди амалҳои якҷоя оид ба пешгирии самтҳои интиқол, истеҳсол ва фурӯши воситаҳои нашъадор, ошкор ва нобуд сохтани кишти бангдонаҳои худрӯй ва гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолиро дар бар мегирифт .
Барои амалӣ намудан, назорат ва ҳамоҳанг сохтани фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва ҳокимияти маҳаллӣ дар шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ситодҳои корӣ ташкил гардидаанд.
Амалиёти «Кӯкнор» дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола дар ду марҳила — аз 20 май то 31 август ва аз 1 сентябр то 30 ноябр гузаронида мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






