Дар Хуҷанд раъйдиҳӣ хуб ҷараён дорад

Май 22, 2016 13:32

Хуҷанд, 22.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз аз субҳи барвақт дар шаҳри Хуҷанд баргузории раъйпурсии умумихалқӣ дар ҳамаи участкаҳои раъйдиҳӣ ҷараён гирифт.
Тавре ки ба хабарнигори  АМИТ Ховар  роҳбари маркази матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд Маҳмудҷон Дадобоев иттилоъ дод, субҳи барвақт раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз ба участкаи раъйдиҳии интихоботии №12, ки дар бинои иттифоқи касабаи вилоятӣ ҷойгир аст, омада, раъйи худро дод.
Тибқи маълумоти  раиси участкаи раъйдиҳӣ Хайрулло Ҷамолов, дар участкаи раъйдиҳии №12 1528 нафар ба рӯйхат гирифта шудаанд, ки аз онҳо 68 нафар бори аввал дар ин маърака иштирок дошта, 130 нафар чун шахсони дар мухоҷират қарордошта ба қайд гирифта шудаанд. Ҳамчунин дар ҷараёни раъйдиҳӣ 13 нафар беморон ва шахсони барҷомонда тавассути гурӯҳи сайёр аёдат карда шуда, онҳо низ дар раъйдиҳӣ иштирок хоҳанд кард.
Дар маҷмӯъ, имрӯз баҳри баргузории раъйдиҳии умумихалқӣ дар 22 маҳаллаи шаҳри Хуҷанд 64 участкаи раъйдиҳӣ ташкил шудааст, ки ҳоло дар ҳамаи онҳо раванди баргузории  ин маъракаи муҳими сиёсӣ хуб  ҷараён дорад.
Ба иттилои Маҳмудҷон Муҳаммадӣ, шумораи умумии раъйдиҳандагон дар шаҳри Хуҷанд 102 ҳазору 811 нафар буда, аз онҳо 2.504 нафар бори аввал дар чунин маъракаи сиёсӣ ширкат доранд ва 6200 нафар дар муҳоҷирати меҳнатӣ карор доранд.

Май 22, 2016 13:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид