Дар Кӯлоб мусобиқаи кушоди шамшербозӣ доир гардид

Май 20, 2016 16:19

Душанбе, 20.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри бостонии Кӯлоб мусобиқаи кушоди шамшербозӣ доир гардид, ки дар он варзишгарон дар ҳайати дастаҳои мукаммал ширкат варзиданд. Баъд аз он, ки соли 2015-ум дар шаҳри Кӯлоб аз рӯйи ин намуди варзиш бо ширкати варзишгарон аз шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ мусобиқа доир гардид, шавқмандони ин риштаи варзиш дар Кӯлоб хеле зиёд шуд.
Ҳоло дар шаҳру нохияҳои минтақа, дар назди се мактаби варзишии шаҳрӣ ва минтақавӣ наздики 60 нафар наврасону ҷавонон ба  тамрин фаро гирифта шудаанд.
Дар мусобиқаи кушоди минтақавӣ дар баробари варзишгарони касбӣ дӯстдорони ин намуди варзиш низ байни ҳам сабқат намуданд. Дар фарҷоми мусобиқа ғолибон бо медалу ифтихорнома ва туҳфаҳои бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии минтақаи Кӯлоб сарфароз гардида, барои  ширкат  дар мусобиқаҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ба дастаи  яккачини  Хатлон-2-и минтақаи Кӯлоб шомил шуданд.

Май 20, 2016 16:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд