Дар шоҳроҳи Душанбе — Қулма ҳаракати нақлиёт барқарор гардид
Душанбе, 19. 05.16./АМИТ «Ховар»/. Боришоти шадиди шаби 11 ба 12 майи соли равон, ки бар асари он дар мавзеи Гулдараи шоҳроҳи Душанбе — Қулма дар мавзеи Зиғар — Дарвоз сел омада, зиёда аз 200 метри ин шоҳроҳро хароб намуд, дар як муддати кӯтоҳ бартараф гардид.
Тавре ки сомонаи расмии Вазорати нақлиёти ҶТ хабар медиҳад, роҳсозони кишвар бо кумаки Вазорати нақлиёти кишвар тавонистанд барои ҳаракати нақлиёт роҳро кушоянд.
«Нозирони роҳ мегуфтанд, ки роҳи мазкурро то як моҳ кушодан ғайриимкон аст, аммо мо шоҳиди ҳол будем, ки кор баъди омадани роҳбарони Вазорати нақлиёт ранги дигар гирифту дар муддати 8 соат барои ҳаракати нақлиёт роҳ кушода шуд»,- гуфта шудааст дар хабар.
Пас аз фаромадани селу санг 13 май роҳи вайроншуда, ки 40 метр ба дарозӣ ва 34 метр бо баландӣ тамоман валангор гашта буд, барқарор шуда, ба ҳаракати нақлиёт иҷозат дода шуд.
Пас аз ташхиси идораҳои дахлдор сохтмони пул дар ин мавзеъ бояд ба назар гирифта шавад.
Дар айни замон корҳои омодасозии роҳ идома доранд ва зарари офати табиӣ дар ин мавзеъ муайян мешавад.
Дар дигар мавзеъҳо низ барқароркунии роҳҳо ва тоза кардани он аз селу ярч идома дорад.








Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ мизи гирд баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад






