Дар шоҳроҳи Душанбе — Қулма ҳаракати нақлиёт барқарор гардид

Май 19, 2016 12:06

Душанбе, 19. 05.16./АМИТ «Ховар»/. Боришоти шадиди шаби 11 ба 12 майи соли равон, ки бар асари он  дар мавзеи Гулдараи шоҳроҳи Душанбе  — Қулма дар мавзеи Зиғар — Дарвоз  сел омада, зиёда аз 200 метри ин шоҳроҳро хароб намуд, дар як муддати кӯтоҳ бартараф гардид.
Тавре ки сомонаи расмии Вазорати нақлиёти ҶТ хабар медиҳад, роҳсозони кишвар бо кумаки Вазорати нақлиёти кишвар тавонистанд барои ҳаракати нақлиёт  роҳро кушоянд.
«Нозирони роҳ мегуфтанд, ки роҳи мазкурро то як моҳ кушодан ғайриимкон аст, аммо мо шоҳиди ҳол будем, ки кор баъди омадани роҳбарони Вазорати нақлиёт ранги дигар гирифту дар муддати 8 соат барои ҳаракати нақлиёт роҳ кушода шуд»,- гуфта шудааст дар хабар.
Пас аз фаромадани селу санг 13 май роҳи вайроншуда, ки 40 метр ба дарозӣ ва 34 метр бо баландӣ тамоман валангор гашта буд, барқарор шуда,  ба ҳаракати нақлиёт иҷозат дода шуд.
Пас аз ташхиси идораҳои дахлдор сохтмони пул дар ин мавзеъ бояд ба назар гирифта шавад.
Дар айни замон корҳои омодасозии роҳ  идома доранд ва зарари офати табиӣ дар ин мавзеъ муайян мешавад.
Дар дигар мавзеъҳо низ барқароркунии роҳҳо ва тоза кардани он аз селу ярч идома дорад.

Май 19, 2016 12:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд