Дар Суғд 1000 хонандаву донишҷӯи беҳтарин ба истироҳати ройгон фаро гирифта мешаванд
Душанбе, 24.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Суғд 1000 хонандаву донишҷӯи беҳтарин ба истироҳати ройгон фаро гирифта мешаванд. Ин нуктаро раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар чорабиние, ки бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор шуд, ҷиҳати ба истироҳати ройгон фаро гирифта шудани 800 нафар хонандагони фаъоли мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳо, иштирокчиёни озмуну олимпиадаҳо, сессияи вилоятиву ҷумҳуриявии Академияи хурди илмҳо таъкид намуд. Чорабинӣ бегоҳии 23 май дар Амфитеатри Қасри Арбоб доир шуд ва дар он беш аз 8 ҳазор нафар ҷавонон ҳузур доштанд.
Илова бар ин, дар фасли тобистон аз ҳисоби беҳтарин донишҷӯёни муассисаҳои олии вилоят, ки бо баҳои аъло таҳсил дошта, дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона ширкат меварзанд, 200 нафар барои истироҳат дар истироҳатгҳҳои ҳудуди вилоят ҷалб хоҳанд шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






