Дар Суғд маросими ҷамъбастии чорабиниҳои «20 рӯзи ҷавонӣ» доир мегардад
Душанбе, 19.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар маркази вилояти Суғд — шаҳри Хуҷанд 20 майи соли равон маросими ҷамъбастии чорабиниҳои «20 рӯзи ҷавонӣ» бахшида ба таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони «Ҷавонон — пайрави Пешвои миллат ва муҳофизони дастовардҳои 25 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон!» баргузор гардида, устодони санъат бо барномаи консертӣ табъи иштирокдорони онро болида мегардонанд.
Хотиррасон менамоем, ки ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар вилоят дар «20 рӯзи ҷавонӣ» силсилачорабиниҳо, аз ҷумла ҳамоишҳо зери унвони «Аз тағйиру иловаҳо ба Конститутсия ҷонибдорӣ менамоем!», «Дастгирии рушди соҳибкории ҷавонон дар шаҳри Хуҷанд», чорабиниҳои омӯзишии «Муаррифии туризми дохилӣ ба хонандагон», мусобиқаҳои варзишии «Шоҳмот барои таҳкими неруи зеҳнӣ ва пешгирии ифротгароӣ», «Мусобиқаи бокс байни наврасон», маҳфили Хушдилон ва ҳозирҷавобон-дарёфти чеҳраҳои нав», «Шанбегии умумишаҳрии ҷавонон» «Аёдати ҷавонони ниёзманд» ва ғайраҳо доир гардиданд, ки ҷавонони вилоят аз онҳо таассуроти амиқ бардоштанд.








Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид






