Даври ниҳоии озмуни «Пули забони чинӣ» дар ДМТ

Май 19, 2016 08:02

Душанбе, 19.05.2016 /АМИТ «Ховар»/.  Дирӯз дар бинои марказии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии озмуни ҷаҳонии «Пули забони чинӣ» баргузор гардид.
Озмуни ҷаҳонии «Пули забони чинӣ» соли равон дар Тоҷикистон  аз ҷониби Сафорати Ҷумҳурии мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва дастгирии  Маркази фарҳангӣ- таълимии Конфутсий дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ширкати чинии «Авик Интернейшнл» ва Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Хуа Вей Тоҷикистон» ба роҳ монда шудааст.
Дар  даври нимниҳоии озмун 10 нафар иштирокдор ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифтанд. Баъд аз баргузории даври ниҳоии озмун шахси  ғолиб метавонад ба Ҷумҳурии мардумии Чин сафар намуда, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар байни дигар давлатҳои ҷаҳон муаррифӣ намояд.
Мақсад аз баргузории озмуни ҷаҳонии «Пули забони чинӣ»- ин дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод ва боз ҳам мустаҳкам намудани муносибатҳои дӯстона миёни Тоҷикистону Чин мебошад.

Май 19, 2016 08:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд