Фадил Исмоилӣ: Тоҷикистон имрӯз барои пешбурди лоиҳаи «CASA-1000» ташаббус нишон дода истодааст

Май 12, 2016 09:25

Душанбе, 12.05.2016. /АМИТ «Ховар»/. «Масъалаи амнияти Лоиҳаи «CASA-1000» яке аз масъалаҳои асосии лоиҳа ба ҳисоб рафта, барои таъмини татбиқи он мо ҳам дар сатҳи сохтмон ва ҳам фаъолият якчанд механизмҳоро фикр карда баромадем. Пеш аз ҳама, ду кишвари асосие, ки аз онҳо хатти интиқоли неруи барқ мегузарад, яъне Афғонистон ва Покистон, ба худ уҳдарорӣ гирифтаанд, ки амнияти лоиҳаро ҳам дар вақти сохтмон ва ҳам ҳангоми истифода таъмин намоянд»,- гуфт Фадил Исмоилӣ, раиси иҷроияи котиботи «CASA-1000» дирӯз зимни ҳамоиш дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон.
Бино ба гуфтаи мусоҳиб, аз ҷониби дигар барои таъмини лоиҳа барномаи хеле хуб таҳия шудааст.
«Ин барномаи дастгирии ҷомеаҳо мебошад. Яъне ин ҷо ҷомеаҳо дастгирӣ мешаванд ва ҷомеаҳо дар навбати худ, барои бехатарии лоиҳа тадбирҳои зарурӣ меандешанд. Аз ҷониби дигар, барои беҳтар намудани мактабҳо, иншоот ва роҳҳое, ки ҷомеаҳо ҳастанд, аз ҳисоби фоидаи лоиҳа маблағҳо ҷудо карда мешаванд. Имрӯз 10 фоизи маблағҳои пешбинишуда барои беҳтар намудани шароит дар Покистон ва 25 фоизи он ба Афғонистон ҷудо мешавад. Ман аз фурсати муносиб истифода намуда, ба Ҳукумати ҶТ минатдории худро баён менамоям, зеро Тоҷикистон имрӯз барои пешбурди лоиҳа пешвоӣ нишон дода истодааст. Ман бахусус мехостам ба Президенти ҶТ, ки таҳти сарварӣ ва дастгирии бевоситаи ӯ имрӯз ин лоиҳа амалӣ шуда истодааст, минатдории худро баён намоям. Умедворам, ки он фоидае, ки аз ҷониби лоиҳа ба даст меояд, барои беҳбудии зиндагии мардуми Тоҷикистон дар оянда истифода шавад»,- изҳор кард Фадил Исмоилӣ.

Май 12, 2016 09:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд