Гулгузории Пешвои миллат дар Боғи Ғалаба

Май 9, 2016 09:15

Душанбе, 9.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Боғи Ғалабаи пойтахт ба муносибати 71 — умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳон ба хотири шаҳидони роҳи озодӣ гулчанбар гузошт.

Ба ин муносибат майдони маросимҳои Боғи Ғалаба идона ороста шуд.

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ Эмомалӣ Раҳмон Вазири мудофиаи кишвар Шералӣ Мирзо аз омодагии сарбозон ба маросими гулгузорӣ гузориш дод.

Баъди садои суруди миллӣ дар назди гулхани абадӣ ба поси хотири қурбониёни Ҷанги дуюми ҷаҳон гулчанбарҳо гузошта шуд. Маросими бошукӯҳи гулчанбаргузорӣ бо иштироки роҳбарият ва аъзои Парлумони кишвар ва Ҳукумати ҷумҳурӣ, корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон ва собиқадорони ҷангу меҳнат сурат гирифт.

Нахуст Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани гулчанбар хотираи қаҳрамонону иштирокдорони он ҷанги пурдаҳшатро пос дошт.

Ҷанги дуюми ҷаҳони солҳои 1941-1945 аз ҷумлаи “фоҷиабортарин ҷангҳо” дар таърихи инсоният маҳсуб меёбад. Ёдовар мешавем, ки беш аз 300 ҳазор фиристодагони Тоҷикистон дар набардҳои шадиди ин ҷанги пурдаҳшат шуҷоату мардонагӣ нишон дода, 92 ҳазор нафари онҳо ба хотири адо кардани қарзи фарзандии хеш ҷон супурдаанд.

Шуҷоату диловарии мардуми баору номуси Тоҷикистон дар солҳои ҷанг намунаи олии ватандӯстӣ ва сабақи беҳтарини мардонагиву ватандорӣ барои наслҳои имрӯзу оянда мебошад.

Ба муносибати рӯзи Ғалаба инчунин аз номи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқадорони ҷангу меҳнат, корпуси дипломатии муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохторҳои қудратии Тоҷикистон, Пойгоҳи низомии 201-уми Федератсияи Русия дар Тоҷикистон гулчанбарҳо гузошта шуданд.

Хотираи неки қурбониёни Ҷанги бузурги ватанӣ ҳамчунин бо дақиқаи хомӯшӣ пос дошта шуд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сиёсати инсонпарваронаи хеш ба муносибати 71-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонии солҳои 1941-1945 ва қадршиносии ҷонфидоии бобоёну падарон дар ҷанг баҳри озодии насли оянда аз 23 апрели соли 2016 таҳти рақами 710 Амрро дар бораи расондани кӯмакпулии яквақтаи молиявӣ ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги бузурги ватанӣ ба тасвиб расонд.

Дар асоси ин Амри Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазорати молияи ҷумҳурӣ аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 639 нафар иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ 1 миллиону 278 ҳазор сомонӣ маблағ, ба ҳар як нафар 2000 сомонӣ ҷудо намуд.

Мавриди зикр аст, ки тибқи супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони вазорату кумитаҳои давлатӣ дар арафаи ҷашни рӯзи ғалаба то 5 майи соли равон маблағҳои кӯмаки Пешвои миллатро дар шаҳру ноҳияҳо ба собиқадорони ҷанг дастрас карданд.

Май 9, 2016 09:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар зиёфати кории Ҳамоиши дуюми «Осиёи Марказӣ-Иёлоти Муттаҳидаи Амрико» (С5+1) иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп мулоқот намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Вашингтон шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сафар намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сонӣ мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди иҷтимоӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди иҷтимоӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Давҳаи Давлати Қатар шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Қатар
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон