«Хориҷиён»: 91 шаҳрванди хориҷӣ аз санҷиш гузаштанд
Душанбе, 5.05.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади пешгирӣ ва ошкор намудани муҳоҷирати ғайриқонунӣ, пурзӯр намудани назорат оид ба риояи қоидаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар ҳудуди вилояти Бадахшон аз 20 апрел то 20 май таҳти унвони шартии «Хориҷиён» амалиёт ҷараён дорад. Амалиёт аз ҷониби кормандони Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират ва бахшҳои он дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар якҷоягӣ бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ ва прокуратура гузаронида мешавад.
Бино ба гуфтаи сармутахассиси Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ВМКБ Нуриддин Хайруллоев, то имрӯз гурӯҳи кории муштарак дар бозорҳои марказии шаҳр ва ноҳияҳои вилоят нуқтаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, идораву муассисаҳое, ки дар онҳо шаҳрвандони хориҷӣ фаъолият мекунанд, санҷиш гузарониданд.
То 30 апрел 91 шаҳрванди хориҷӣ, ки дар қаламрави вилоят фаъолият доранд, аз санҷиш гузаштанд.
«Аз ин шумора 21 шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон, 25 шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, 4 шаҳрванди Ҷумҳурии Молдова, 2 шаҳрванди Ҳиндустон, 17 шаҳрванди Ҷумҳурии Туркия, 16 шаҳрванди Ҷумҳурии Сербия, 2 шаҳрванди ИМА, 2 шаҳрванди Бритониёи Кабир, 2 шаҳрванди Ҷопон, инчунин ташкилотҳои байналмилалии «МСДСП», «ҶТЗ», «Донишгоҳи Осиёи Марказӣ» ва меҳмонхонаҳои «Деҳли- Дарбор», «Варзиш», «Сирена», «Лаъл», «Кевикас» таҳти санҷиш қарор гирифтанд»,-гуфт Нуриддин Хайруллоев.
Дар ҷараёни амалиёт аз тарафи гурӯҳҳои корӣ 4 шаҳрванди хориҷӣ- муҳоҷирони меҳнатие, ки дар ҳудуди вилоят фаъолият мекунанд барои вайрон намудани қоидаҳои будубош тибқи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.
«Аз ҷумла, 1 шаҳрванди Ҷумҳурии Молдова тибқи моддаи 138, қ3 КМҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 800 сомонӣ, 1 шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон тибқи моддаи 497 КМҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 1600 сомонӣ ва 2 шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон тибқи моддаи 138, қ 3 КМҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар яке ба маблағи 800 сомонӣ ҷаримабандӣ шуданд»,-зикр намуд Н. Хайруллоев.
Аз ҳисоби ҷарима 4000 сомонӣ ба буҷаи давлат ворид карда шуд.
Инчунин зимни амалиёт аз тарафи гурӯҳи корӣ бо шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони қабулкунандаи шаҳрвандии хориҷӣ дар самти риояи қоидаҳои будубош суҳбатҳои инфиродӣ гузаронида шуданд.
Амалиёт то 20 майи соли равон идома хоҳад ёфт.








Аз 1 то 3 май дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст
Монографияи илмӣ оид ба журналистикаи сайёҳӣ ба нашр расид
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмун ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар минтақаҳои доманакӯҳии ноҳияҳои тобеи Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад






