Хуҷанд: Мусобиқаи кушод оид ба бокс бахшида ба Рӯзи кӯдакон
Хуҷанд. 31.05.2016. /АМИТ Ховар/. Дирӯз дар маркази Суғд- шаҳри Хуҷанд бо ибтикори бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бахшида ба таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ва 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори варзишии «Ҷашнӣ» мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба намуди бокс байни варзишгарони соли таваллуди 2000-2001, 2002-2003, 2004-2005 оғоз гардид.
Тавре ки Бахтиёр Исматҷонов, сардори бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд ба хабарнигори АМИТ Ховар хабар дод, дар мусобиқаи мазкур, ки аз 30 май то 2 июни соли равон идома меёбад, беш аз 250 боксчиёни наврас аз вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Исфара, Конибодом, Гулистон, Истиқлол, Бӯстон, Хуҷанд, Спитамену Ашт гирд омаданд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз кӯдакону наврасон-иштирокдорони ин мусобиқаро бо Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон муборакбод гуфта, ба варзишгарони наврас комёбиҳо таманно намуд.
Мақсади мусобиқа- тарғиби бокс ва бурдани тарзи ҳаёти солим байни наврасону ҷавонон, мустаҳкам намудани дӯстӣ байни онҳо ва баланд бардоштани маҳорати варзишии наврасону ҷавонон мебошад.
Бояд гуфт, ки мусобиқа тибқи қоидаҳои тасдиқнамудаи АИБА бо тарзи низоми олимпӣ гузаронида шуда, тибқи Низомномаи мусобиқот дар он варзишгарони синну соли 2000-2001 аз рӯи вазнҳои аз 36 то 75кг, варзишгарони соли таваллуди 2002-2003 аз рӯи вазнҳои аз 30 то 64,5 кг ва варзишгарони соли таваллуди 2004-2005 аз рӯи вазнҳои аз 26 то 30 кг иштирок менамоянд.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






