Ифтитоҳи Муассисаи давлатии «Маркази конструктории лоиҳакашии технологияҳои нави саноатӣ» дар Душанбе
Душанбе, 5.05.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе Муассисаи давлатии «Маркази конструктории лоиҳакашии технологияҳои нави саноатӣ» таъсис дода мешавад.
Бино ба гуфтаи сармутахассиси Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Восиев, таъсиси марказ метавонад барои корхонаҳои саноатӣ ҷиҳати такмили технологияҳои амалкунанда, татбиқи технологияҳои инноватсионӣ дар истеҳсолот, таҳияи лоиҳаҳои инвеститсионӣ ва роҳандозии истеҳсолоти нав мусоидат намояд.
«Дар шароити имрӯза ба истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, тағйир додани таҷҳизоти технологӣ, ворид намудани ашёи хоми дохилӣ ба истеҳсолот, таҳияи регламентҳои технологӣ, шартҳои техникӣ, таъмини самаранокии истифодаи ашёи хом ва воситаҳои энергетикӣ аҳамияти зиёд дода мешавад. Ҷалби мутахассисони муассисаҳои таълимии техникӣ ва технологӣ дар шароити имрўза тақозои замон мебошад»,- илова намуд М.Восиев.
Бино ба гуфтаи мусоҳиб, дар марҳилаи аввал дар маркази мазкур 18 мутахассис ҷалб гардида, бо ворид намудани таҷҳизоти зарурӣ шумораи кормандон ба 80 нафар расонида хоҳад шуд.
Хотиррасон мекунем, ки зимни маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд, масъалаи таъсиси Муассисаи давлатии «Маркази конструктории лоиҳакашии технологияҳои нави саноатӣ» баррасӣ гардид ва дар ин бора қарори дахлдор қабул карда шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






