Бинои нави Муассисаи давлатии «Нуқтаи гӯркунии партовҳои радиатсионӣ» ба истифода дода шуд
Душанбе, 13.05.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи амалишавии нақшаи корӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба муқовимат бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи ҳастаӣ 11 апрел маросими ба истифода додани биноҳои партовҳои радиоактивии Муассисаи давлатии Нуқтаи гӯркунии партовҳои радиатсионӣ, воқеъ дар ноҳияи Файзобод баргузор гардид.
Тавре ки аз маркази матбуоти Академияи илмҳо хабар доданд, президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ бо вазъи кунунӣ ва нақшаҳои минбаъдаи Муассисаи давлатии Нуқтаи гӯркунии партовҳои радиатсионӣ шинос шуд.
Дар маросими ифтитоҳ намояндаҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҶТ, инчунин намояндагони Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, намояндагони Вазорати энергетикаи Амрико ва Вазорати энергетика ва тағирёбии иқлими Бритониёи Кабир ширкат варзиданд.
Мудири шуъбаи иттилоотӣ ва робитаҳои байналмилалии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳом Мирсаидов оид ба таърихи амалишавӣ ва дастовардҳои лоиҳа, ки аз ҷониби Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Бритониёи Кабир дар якҷоягӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ гардидааст, сухан гуфт. Татбиқи лоиҳаи мазкур соли 2015 оғоз ёфта, моҳи феврали соли 2016 ба анҷом расид.
Намояндаи Ҳукумати ИМА Младинео Стефен Виктор ва намояндаи Бритониёи Кабир Кэролл Питер Виллям аз ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, зикр намуд, ки ҳамкорӣ дар ин самт бояд пурзӯр карда шавад, зеро солҳои охир таҳдидҳои гуногун аз ҷониби гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористҳо зиёд шуда истодаанд.
Баъд аз маросими расмӣ, ҳозирин бо ду бинои партовҳои радиоактивии Муассисаи давлатии Нуқтаи гӯркунии партовҳои радиатсионӣ, ки пурра таъмир гардидаанд, шинос гардиданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






