Ҷилои ҳунари донишандӯзони ДДҲБСТ дар «Фурӯғи ҷавонӣ»

Май 11, 2016 10:39

Хуҷанд, 11.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар даври навбатии фестивал-озмуни вилоятии «Фурӯғи ҷавонӣ», ки бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ баргузор шуд, донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон (ДДҲБСТ) бо барномаҳои рангини фарҳангӣ ҳунарнамоӣ намуданд.
Ҳакамони озмун ҳунарнамоии донишҷӯёни донишгоҳро писандида арзёбӣ намуда, дар маҷмӯъ ба маҳорати бадеии дастаи донишгоҳ баҳои баланд доданд.
Роҳандозии чунин иқдомҳои наҷиб барои дарёфти истеъдодҳои нав ва тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносию худогоҳии миллӣ ва арҷгузорӣ ба анъанаҳои неки фарҳанги миллӣ муҳим арзёбӣ мегардад.

Май 11, 2016 10:39

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад