Имтиҳони футболбозони дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар варзишгоҳи марказии пойтахт
Душанбе, 26.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз соати 20 дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе сармураббии нави дастаи мунтахаби кишварамон Ҳаким Фузайлов дар як вохӯрии таҷрибавӣ ва санҷишии дӯстона бо тими легионерҳои Тоҷикистон ҳайати дастаи мунтахабро аз назар мегузаронад.
Сар аз 23 май дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон омодагиро ба бозиҳои плей-оффи Ҷоми Осиё-2019 бо тими мунтахаби Бангладеш, ки 2 июн дар Душанбе ва 7 июн дар шаҳри Дакка мегузаранд, шурӯъ намуд.
Ба ҳайати даста Ҳаким Фузайлов 29 бозингар — 4 дарвозабон, 10 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагарро даъват кардааст.
Се легионер — дарвозабони «Олой»-и шаҳри Ӯши Қирғизистон Абдуазиз Маҳкамов, ҳимоятгари тими «Газовик»-и Оренбург Фарҳод Восиев ва ҳамлагари дастаи «Динамо»-и Брест Ҷаҳонгир Эргашев низ номнавис шудаанд.
Дар ҳайати мураббиён низ тағйирот ба мушоҳида мерасад. Дар бозии таҷрибавие, ки дастаи мунтахаб ҳафтаи гузашта ба ду гурӯҳ ҷудо шуда, бо ҳам рақобат кард, ёварони Ҳаким Фузайлов- Рустам Хоҷаев ба як гурӯҳ машқ медоду ба гурӯҳи дигар футболбози шӯҳратёри тоҷикистонӣ Виталий Левченко.
Виталий Левченко ба Ҳаким Фузайлов ҳамчун ёвар кумак мекунад ё не хабари аниқе ба мо нарасидааст, аммо ӯ дар варзишгоҳ ҳузур дошт ва ба бачаҳо тамрин медод.
Ба ин савол мо имрӯз баъди бозии санҷишии даста ҷавоб хоҳем гирифт.








Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






