Инъикоси ҷараёни раъйпурсӣ аз тарафи 380 намояндаи ВАО

Май 23, 2016 11:16

Душанбе, 23.05.2016 /АМИТ  «Ховар»/. Барои дар сатҳи баланд баргузор намудани раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ 10 ҷаласа баргузор шуда буд, — чунин гуфт зимни брифинги матбуотӣ раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода ва илова кард, ки: «Дар давраи омодагиҳо ба раъйпурсии умумихалқӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат, ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо, мактабҳои олӣ, шаҳраку деҳаҳо суҳбату вохӯриҳо бо сокинони касбу кори гуногун баргузор шуданд». Варақаҳои иттилоотӣ ва маълумотдиҳӣ барои раъйдиҳандагон дастрас гардида, дар васоити ахбори омма, радио, телевизион ва сомонаҳои интернетӣ мақолаву гузоришҳо ва дигар мавод нашр шуданд. Умуман ин маъракаи сиёсиро 380 нафар намояндагони ВАО инъикос карданд.
Хотиррасон мекунем, ки дирӯз дар саросари Тоҷикистон раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Имрӯз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ брифинги матбуотӣ баргузор карда, натиҷаҳои пешакии раъйпурсиро эълон намуд.
Мувофиқи ҳисоботи пешакӣ дар ин маъракаи сиёсӣ 4 миллиону 38 ҳазору 183 нафар раъйдиҳандагон иштирок намуда, 3 миллиону 814 ҳазору 477 нафар ба ҷонибдории тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон раъй додаанд. 3,3% раъйдиҳандагон ба муқобили ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия овоз додаанд.

Май 23, 2016 11:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад