Иштироки ҳар фарди ҷомеа дар раъйпурсӣ вазифаи конститутсионии ӯ мебошад
Душанбе, 17.05.16. /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари (АНМН) назди Президенти ҶТ дар вилояти Суғд бо масъули шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ҷалби ҷавонони фаъол доир ба зарурат ва муҳтавои тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор намуданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти АНМН хабар доданд, ҳамчунин дар вохӯрӣ масъалаҳои пешгирии шомилшавии ҷавонону наврасон ба сафҳои созмону ҳаракатҳои террористиву ифротгаро ва тундрави мазҳабӣ, оқибатҳои ҳуқуқии содир намудани ҷиноятҳои марбут ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва зарари равониву ҷисмонии зуҳуроти нашъамандӣ ва амрози сироятӣ аз он мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Иштирокдорон баргузории раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро амри зарурӣ хонда, иштироки ҳар як узви ҷомеаи Тоҷикистонро дар ҳаёти сиёсии мамлакат чун вазифаи конститутсионии ӯ арзёбӣ намуданд.
Зикр гардид, ки ҳар як ҷавони меҳанпараст ва миллатдӯст бояд бо азбар кардани дониши амиқ ва шуғл варзидан ба корҳои шоиста дар эъмори ҷомеаи рӯ ба рушд ва пешрави Тоҷикистон ҳисса гузошта, дар ростои пешгирии содиршавии аъмоли зиддиҳуқуқӣ ва ҷинояткорона дар байни ҳамсолони худ ва ҳидояти онҳо ба роҳи мақбули зиндагӣ кору иқдом намоянд.
Дар чорабиии мазкур нуктаҳои хосаи тағйиру иловаҳо ба Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон тавзеҳ дода шуда, зарурати он, тақвияти асосҳои давлатдорӣ ва ба марҳалаи тозаи рушди мардумсолорӣ ворид шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон маънидод шуданд.








Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд






