Иштироки ҳар фарди ҷомеа дар раъйпурсӣ вазифаи конститутсионии ӯ мебошад

Май 17, 2016 08:38

Душанбе, 17.05.16. /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари (АНМН) назди Президенти ҶТ дар вилояти Суғд бо масъули шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ҷалби ҷавонони фаъол доир ба зарурат ва муҳтавои тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор намуданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти АНМН хабар доданд, ҳамчунин дар вохӯрӣ масъалаҳои пешгирии шомилшавии ҷавонону наврасон ба сафҳои созмону ҳаракатҳои террористиву ифротгаро ва тундрави мазҳабӣ, оқибатҳои ҳуқуқии содир намудани ҷиноятҳои марбут ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва зарари равониву ҷисмонии зуҳуроти нашъамандӣ ва амрози сироятӣ аз он мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Иштирокдорон баргузории раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро амри зарурӣ хонда, иштироки ҳар як узви ҷомеаи Тоҷикистонро дар ҳаёти сиёсии мамлакат чун вазифаи конститутсионии ӯ арзёбӣ намуданд.
Зикр гардид, ки ҳар як ҷавони меҳанпараст ва миллатдӯст бояд бо азбар кардани дониши амиқ ва шуғл варзидан ба корҳои шоиста дар эъмори ҷомеаи рӯ ба рушд ва пешрави Тоҷикистон ҳисса гузошта, дар ростои пешгирии содиршавии аъмоли зиддиҳуқуқӣ ва ҷинояткорона дар байни ҳамсолони худ ва ҳидояти онҳо ба роҳи мақбули зиндагӣ кору иқдом намоянд.
Дар чорабиии мазкур нуктаҳои хосаи тағйиру иловаҳо ба Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон тавзеҳ дода шуда, зарурати он, тақвияти асосҳои давлатдорӣ ва ба марҳалаи тозаи рушди мардумсолорӣ ворид шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон маънидод шуданд.

Май 17, 2016 08:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд