Истиқлолияти давлатӣ: дастовардҳо ва пешравиҳои он
Душанбе, 28.05.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф бо иштироки устодону муҳаққиқони ҷавони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ конфронси илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ дар мавзўи «Истиқлолияти давлатӣ: дастовардҳо ва пешравиҳо» доир гардид.
Дар конфронс муовини аввали вазири маориф ва илм Раҳматулло Мирбобоев гуфт, ки: «Бо мақсади пешрафт ва такони ҷиддӣ бахшидан ба рушду такомули илму маориф, техника ва технологияи навин, беҳтар гардонидани вазъи иҷтимоии кормандони соҳаи маориф ва тарбияи насли нави муҳаққиқони соҳаи техника дар кишвар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ соли 2010-ро «Соли маориф ва фарҳанги техникӣ» эълон кард, ки он барои фароҳам овардани заминаи рушду такомули тафаккури техникиву технологӣ дар муассисаҳои таълимии зинаҳои гуногун ва пажўҳишгоҳҳои илмӣ мусоидат намуд».
Конфронс дар ду бахш зери унвонҳои «Истиқлолияти давлатӣ: дастовардҳо ва пешравиҳо дар сиёсат, иқтисодиёт ва ҳуқуқ» ва «Истиқлолияти давлатӣ: дастовардҳо ва пешравиҳо дар соҳаҳои иҷтимоӣ ва фарҳанг» кори худро идома бахшид. Дар бахшҳо беш аз 30 мавзўъ мавриди баррасӣ қарор гирифт.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






