Кӯлоб: Роҳпаймоӣ ҷиҳати дастгирӣ аз раъйпурсии умумихалқӣ

Май 19, 2016 15:57

Кӯлоб, 19.05.2016 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки беш аз 10 ҳазор  нафар роҳпаймоӣ баргузор шуд.
Тавре ки аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб  хабар доданд, роҳпаймоии мазкур аз назди оромгоҳи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ оғоз гардида, дар назди Муҷтамаи 2700-солагии Кӯлоб ба анҷом расид. Дар баробари ин ҳамоиши ҳизбӣ таҳти унвони «Барои ояндаи боамну озодиву ободии Ватани маҳбубамон Тоҷикистон ва осудагиву хушбахтии худ раъй медиҳем!» баргузор шуда, аъзои ТҶҶ «Созандагони Ватан» варақаҳои армуғонӣ бо нишони ҳизб, инчунин маводи таблиғотӣ ва даъваткунанда, овеза, буклет, нишон, тақвим ва намунаи варақаҳои раъйдиҳиро дастраси мардум гардониданд.
Иштирокдорони ҳамоиш  иброз доштанд, ки рушди устувору босуботи ҷомеа, бахусус ҷомеаи муосири Тоҷикистон тақозо меменамояд, то меъёрҳои Конститутсия пайваста такмил дода шаванд ва бо назардошти рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ ба баргузории раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурат пайдо гаштааст. Зимнан аз иштирокдорон даъват ба амал оварда шуд, ки дар чунин маъракаи муҳими сиёсӣ фаъолона ширкат варзида, ба ин васила саҳми худро дар пешрафт ва ободии Ватани маҳбубамон- Тоҷикистон гузоранд.

Май 19, 2016 15:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид