К. Олимов: Ҷаҳонишавӣ на танҳо барои наздик кардани кишварҳову халқҳо шароит муҳайё намудааст, балки хатарҳои ҷаҳонӣ низ ба вуҷуд овардааст

Май 31, 2016 14:30

Душанбе, 31.05.2016 /АМИТ «Ховар»/.  Бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо ташаббуси Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ  ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  Академия имрӯз конфронси илмӣ- амалии ҷумҳуриявии «Ҳимояи манфиатҳои миллӣ, таҳкими истиқлолияти сиёсӣ ва масоили консептуалии рушди давлатдорӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ» баргузор гардид.
Зимни баргузории конфронс ноиби президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Кароматулло Олимов иброз намуд, ки шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ, ки масъалаи бисёр муҳим аст, на танҳо барои наздик кардани кишварҳову халқҳо шароит муҳайё намудааст, балки хатарҳои ҷаҳонӣ низ ба вуҷуд оварда,  ба давлатҳои хурди соҳибистиқлол таҳдидҳо бештар гардидаанд.  Вале, дар шароити соҳибистиқлолии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар 25  соли Истиқлолияти давлатӣ ба  муваффақиятҳои зиёде ноил гардид.
Ҳамчунин Кароматулло Олимов иброз намуд, ки дар ин самт олимони ҷумҳурӣ низ  бо таҳқиқоти худ хизматҳои арзанда намуда,  барои пешбурди корҳои мафкуравӣ дар Тоҷикистон таҳқиқоти илмии  зиёде анҷом доданд.

Май 31, 2016 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд