Керрӣ: Бе талоши Русия дар Сурия оташбас муваффақ намегардид
Душанбе, 11.05..2016 / АМИТ «Ховар» /. Котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ нақши Русияро дар барқарории оташбас дар Сурия мусбат арзёбӣ намуда, афзуд, ки бе иштироки Маскав оташбаси аввалия дар ин кишвар ба даст намеомад,-иттилоъ медиҳад РИА «Новости».
«Бе Русия мо ягон низоми оташбаси аввалияро ба даст намеовардем. Бе муҳобот даҳҳо ҳазор ҳаёти одамон наҷот дода шуд. Бо назардошти оне, ки ҳар рӯз 200 нафар нобуд мешуданд, шумо метавонед ҳисоб кунед,. Он як муддате қатъ гардид. Одамон солҳои тӯлонӣ кумаки башардӯстонаро қабул накарда буданд, ҳоло тақрибан як миллион нафар кумаки башардӯстона гирифтанд», -изҳор дошт Керрӣ дар мусоҳиба ба CNN.
«Бинобар ин ин оштӣ бартарие дошт. Ин комил аст? Не. Оё мушкилоте вуҷуд доранд, ки онро бартараф созем? Бале. Ин ҷанги панҷсола аст. Ва дар асл, он зиёдтар аз як ҷанг аст. Мо курдҳо бар зидди курдҳо, курдҳо ба муқобили Туркия дорем, мо Арабистони Саудӣ, Эрон, сунниҳо, шиаҳо, мардуме, ки бар зидди ДИ ҳастанд ва мардуме, ки бар зидди Башор Асаданд, онҳоро дорем. Ин — як низои хеле мушкил аст», — афзуд ӯ.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






