Конибодом: Оила ниҳоди муқаддас
Конибодом, 16.05.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар робита ба Рӯзи байналхалқии оила дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд чорабиниҳои мухталиф доир гардиданд. Тавре ки ба АМИТ Ховар масъулин аз шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти маҳаллии шаҳри Конибодом иттилоъ доданд, бахшида ба ин санаи хотирмон бо ҷалби се оилаи намунавии шаҳр- оилаи Аҳмедовҳо, Умаровҳо ва Неъматовҳо дар тарабхонаи «Олимиён» маҳфили хотирмон таҳти унвони Оила ниҳоди муқаддас доир гардид.
Дар маҳфил иштирокдорони он, аз ҷумла оилаҳои беҳтарин, ки худ намояндагони касбу кори гуногун буданд, андешаҳои худро оид ба оилаву оиладорӣ, эҳтироми ҳамдигар дар муҳити оила, мустаҳкамии оила ва пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, худдорӣ аз никоҳи хешутаборӣ, садоқату вафодорӣ баён дошта, зикр намуданд, ки оила асоси пойдории давлат ва ҷамъият ба ҳисоб рафта, инсоният барои инкишофи ҷомеаи мутамаддин тӯли қарнҳо ҷаҳду талошҳои зиёд варзида, марҳила ба марҳила ба беҳдошти рафтору ахлоқ, одоби бунёди оила ва оиладорӣ, маърифату фарҳанги ҳамзистӣ замина гузошт, ки ин раванд пайваста ташаккул меёбад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






