Корвони журналистон дар Бадахшон
Душанбе, 11.05.2016. /АМИТ «Ховар»/. Сафари гурўҳи иборат аз 30 нафар журналистони расонаҳои мухталифи кишвар дар навоҳии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон идома дорад. Дар рўзи дуввуми сафар журналистон ба гурўҳҳо ҷудо шуда, бо мақсади ошноӣ аз вазъи кунунии мардуми Бадахшон ба ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рўшон, Роштқалъа, Ишкошим ва Шуғнон сафар карданд. Як гурўҳи дигари корвонро дар шаҳри Хоруғ раиси шаҳри Хоруғ Қиматгул Алибердиева ба ҳузур пазируфта, оид ба омодагии мардуми шаҳр ба истиқболи ҷашни Рўзи Ваҳдати миллӣ андешаҳояшро баён дошт.
Сипас журналистон ба мавзеи сохтмони маҷмааи варзишӣ барои ҷавонон, меҳмонхонаи ҳозиразамон ва корхонаи истеҳсоли чипс (картошкабирён) рафта, бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ ошно гардиданд. Муовини аввали раиси шаҳри Хоруғ Ҷумъа Ҷумъаев, ки журналистонро роҳбаладӣ мекард, изҳор дошт, ба фаъолият оғоз кардани муасисаҳои нав на танҳо имкон меоранд, ки мардум бо шуғли доимӣ фаро гирифта шаванд, балки бобати рушди туризм ва истеҳсолот дар минтақа имконият фароҳам меояд.
Ҳамчунин, журналистон аз бозори наздимарзии Тем, шаҳраки бунёдшавандаи «Баҳористон» ва ширкати «Помирэнерҷи» боздид намуданд. Ёдовар мешавем, ки сафари гурўҳи хабарнигорон дар доираи омодагӣ ба тантанаи ҷумҳуриявӣ бахшида ба Рўзи Ваҳдати миллӣ сурат гирифта, то рўзи 13 май идома меёбад.
Дар доираи сафари корвони журналистон ба Бадахшон дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев мулоқоти намояндагони расонаҳои хабарии кишвар бо устодону донишҷўёни Донишгоҳ доир гардид.
Ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ Шермаҳмад Ҷонмамадов изҳор дошт, ки айни замон дар 8 факулта тақрибан 3500 нафар донишҷўён ба таҳсил фаро гирифа шуда, аз рўйи 35 ихтисос мутахассисон омода мегарданд.
Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар оид ба аҳамияти таърихии Рўзи Ваҳдати миллӣ ва дастовардҳои замони истиқлоли кишвар суҳбат намуд. Номбурда изҳор дошт, ки донишҷўён бояд ҳамчун қишри фаъоли ҷомеа дар таҳкими ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошанд.
Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатуллоҳ Исмоилзода аз хусуси омода намудани мутахассисони соҳа изҳори андеша карда, аз таваҷҷуҳи хоса ба тайёр намудани ихтисосмандони соҳа ёдовар шуд. Сипас байни иштирокдорон ва меҳмонон саволу ҷавоб сурат гирифт, ки масоили вобаста ба омода намудани кадрҳои журналистӣ, амнияти иттилотӣ ва таъмини донишҷўён бо адабиёти заруриро фаро гирифт.
Корвони журналистон дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон идома дорад ва рўзи 12 май иштирокдорони он дар суҳбате таҳти унвони «Нақши воситаҳои ахбори омма дар таҳкими ваҳдати миллӣ» иштирок намуда, масъалаҳои вобаста ба таҳкими ваҳдати миллӣ ва нақши расонаҳоро дар шароити хатарҳои афзояндаи иттилоотӣ баррасӣ менамоянд.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






