Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ боисрор даъват менамояд, ки аз сафар ба манотиқи хавфнок худдорӣ намоянд

Май 14, 2016 12:29

Душанбе, 14.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон /КҲФ ва МГ ҶТ/ боисрор аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ хоҳиш менамояд, ки боэҳтиёт бошанд ва аз сафар ба манотиқи хавфнок ва осебпазир худдорӣ намоянд.
Тавре ки ба хабарнигори АМИТ «Ховар» котиби матбуоти КҲФ Ориф Нозимов хабар дод, ин тадбир дар робита ба ҳолати номусоиди обу ҳаво, ки аз 15 то 18 майи соли равон дар ҳудуди кишвар дар назар аст, роҳандозӣ мешавад. Дар ин рӯзҳо эҳтимоли боришоти зиёд, шамолҳои сахт, баланд шудани сатҳи об дар дарёҳо, бориши жола ва раъду барқ вуҷуд дорад, ки метавонанд боиси канда шудани хатҳои неруи барқ, хароб гардидани боми хонаҳои истиқоматӣ ва иншооти иҷтимоӣ, фаромадани ярч, сангрезиҳо ва афтидани дарахтон гарданд.
Илова бар ин, КҲФ ва МГ ҶТ аз шаҳрвандони кишвар хоҳиш менамояд, ки ҳангоми анҷом додани корҳои хоҷагидорӣ ва чаронидани чорво дар чарогоҳҳо ҳушёр бошанд.
Маврид ба зикр аст, ки бар асари боришоти пай дар пайи рӯзҳои охир сокинони баъзе минтақаҳои кишвар хисороти моддӣ диданд.
Аз ҷумла, дар натиҷаи обхезӣ ва ярч сокинони ноҳияҳои Панҷакент, Рӯдакӣ ва Дарвоз хисорот дидаанд. Мутаассифона, талафоти ҷонӣ низ ба қайд гирифта шуд.

Май 14, 2016 12:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад