Кумитаи ҳолатҳои фавқулода рӯзҳои наздик ноустувории ҳаворо пешгӯӣ кард

Май 18, 2016 14:30

Душанбе, 18.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иттилои аҳолии ҷумҳурӣ мерасонад, ки рўзҳои 18-21 майи соли равон  ҳаво дар миқёси ҷумҳурӣ ноустувор боқӣ монда, боришоти зиёди борон,  жола,  ба амал омадани  раъду барқ, дар доманакӯҳҳо омадани сел, баландшавии сатҳи оби дарёҳо, сангрезӣ  ва фаромадани ярч дар назар дошта шудааст.
Бинобар ин аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва меҳмонон хоҳиш карда мешавад, ки дар ин давра аз рўи имконият аз сафар кардан тавассути мавзеъҳои осебпазир ва минтақаҳои хавфнок худдорӣ намоянд.
Дар ин бора  ба АМИТ «Ховар» аз  Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ иттилоъ доданд.

Май 18, 2016 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа