Лоиҳаи «CASA-1000» ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯст
Душанбе, 11.05.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар ин лаҳзаҳо дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки коршиносони хориҷӣ ҳамоиш дар мавзӯи «САSA-1000 ва дурнамои ҳамкориҳои минтақавии энергетикӣ» ҷараён дорад. Лоиҳаи «CASA-1000» барои содироти неруи барқи изофагии Тоҷикистон ба минтақаи Осиёи Ҷанубӣ имкониятҳои навро хоҳад кушод.
Бино ба гуфтаи мутахассиси Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҶТ Парвиз Яҳёев «CASA-1000» барои рушди инфрасохтори минтақавии Осиёи Миёна ва Осиёи Ҷанубӣ мусоидат хоҳад кард.
«Ин лоиҳа дар таърихи навини истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳаи энергетика қадами устувор маҳсуб мешавад. Неруи барқ аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон ба ҷумҳуриҳои Исломии Афғонистон ва Покистон интиқол ёфта, барои вусъат додани муносибатҳои дуҷониба ва муштарак мусоидат хоҳад кард. Дар доираи лоиҳа Тоҷикистон 3 млрд кВт \соат ва Қирғизистон 2 млрд кВт\соат, дар маҷмӯъ 5 млрд кВт\соат неруи барқ ба Афғонистону Покистон интиқол хоҳанд дод»,-илова намуд мусоҳиб.
Ба гуфтаи П.Яҳёев вобаста ба татбиқи лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи «CASA-1000» тибқи асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ 1 миллиарду 86 миллион доллари ИМА-ро ташкил дода, 314 миллиони он ба Тоҷикистон рост меояд.
«Дар мавриди ҷалби маблағ Тоҷикистон бо он пурра таъмин буда, пагоҳ оғози расмии ифтитоҳи лоиҳа оғоз мегардад. Муҳлати амалишавии лоиҳа се солро дар бар мегирад»,-гуфт мутахассиси Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҶТ.
Бояд гуфт, ки дар ҷараёни омодасозии лоиҳа як қатор татқиқоти экологӣ, иҷтимоӣ ва техникиву иқтисодии ба талаботи байналмиллалӣ ҷавобгӯй гузаронида шуданд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






