Лоиҳаи «CASA-1000»: маблағи умумии сохтмон дар ҳаҷми 1 миллиард доллари ИМА муайян шудааст

Май 12, 2016 10:57

Душанбе, 12.05.2016. /АМИТ «Ховар»/. Лоиҳаи «CASA-1000» ҳамчун тарҳи дарозмуддат ба рушди устувор, пешрафти иқтисодӣ ва манфиати муштарак мусоидат намуда, низоми муътамади барқтаъминкунӣ ба иқтисодиёти қавӣ, бозори ҷои кор, инфрасохтори муосир ва рушди иқтисодӣ, ки манфиаташ ба тамоми ҷомеа мерасад, замина мегузорад.
Хатти интиқоли неруи барқи баландшиддат аз Осиёи Марказӣ ба Осиёи Ҷанубӣ имкон фароҳам меорад, ки интиқоли барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза норасоии барқро дар минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ба низом дароварда, ба тараққиёти иқтисодӣ ва рушди соҳаи энергетикии он такони ҷиддӣ бахшад.
Лоиҳаи «CASA-1000» ҳамкориии байниминтақавиро барои маблағгузорӣ ва пешрафти муомилоти иҷтимоӣ тақвият медиҳад ва ба тамоми сокинони давлатҳои ҳамкор манфиат меорад. Бо шарофати ин лоиҳа муносибатҳои иқтисодӣ ва сиёсии минтақа мустаҳкам мегарданд.
Алҳол тамоми сарчашмаҳои маблағгузории қисмати тоҷикистонии лоиҳа муайян шудааст. Маблағи умумии қарзӣ ва грантӣ барои сохтмони лоиҳа дар қитъаи тоҷикистонии «CASA-1000» 315 миллион доллари ИМА ва ҳиссаи Тоҷикистон 15 миллион доллари ИМА -ро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ҳисобҳои охирин маблағи умумии сохтмон дар ҳаҷми 1 миллиард доллари ИМА муайян шудааст.

Май 12, 2016 10:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд