Мақомоти прокуратура аз афзоиши ҷинояти қаллобӣ ва авбошӣ дар вилояти Суғд нигаронанд
Хуҷанд, 16.05.2016. /АМИТ Ховар/. Тибқи таҳлилҳои мақомоти прокуратураи Суғд дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд шумораи ҷиноятҳои қаллобӣ ва авбошӣ афзудааст, ки ин як андоза кормандони ин соҳаро нигарон кардааст. Ин гуфта дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Прокуратураи вилояти Суғд, ки таҳти роҳбарии прокурори вилоят, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3 Ҳабибулло Воҳидов доир гардид ва дар он оид ба муҳокимаи натиҷаи ҷамъбасти таҷрибаи тафтишотӣ-судии ҷиноятҳои авбошӣ ва қаллобӣ дар давраи соли 2015 ва семоҳаи якуми соли 2016 мавриди баррасӣ қарор гирифт, баён гардид.
Зикр гардид, ки тибқи таҳлилҳо ҷиноятҳои қаллобӣ дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Истаравшан, Конибодом, Гулистон, Зафаробод, Ашт, Мастчоҳ, Ҷаббор Расулов ва Шаҳристон тамоюли зиёдшавӣ дошта, яке аз сабабҳои асосии афзоиши ин намуд ҷиноят дар давраи мазкур ошкор ва ба қайд гузоштани якчанд ҷинояти бисёрлаҳзаина мебошад.
Ҳамчунин вобаста ба ҷинояти авбошӣ зикр гардид, ки новобаста аз тадбирҳои андешидаи мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти давлатӣ дар самти пешгирии ин намуд ҷиноят, содиршавии чунин ҷиноятҳо тамоили пастшавӣ дошта бошад ҳам, аммо дар баъзе шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров, Мастчоҳ, Бӯстон, Ҷаббор Расулов ва Айнӣ шумораи ин намуд ҷиноятҳо тамоюли зиёдшавӣ дорад.
Сабаби зиёд гаштани ин қабил ҷиноятҳо,аз як тараф, тибқи талаботи қонунгузорӣ ба роҳ намондани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, пешгирӣ накардани ҷиноятҳои авбошӣ ва сабаби дигар аз қайд пинҳон кардани ҷиноятҳои авбошии дар соли 2015 ва 3 моҳи аввали соли 2016 содиршуда ва ошкору ба қайд мондани онҳо аз тарафи прокуророн мебошад. Дар умумдар ин давра 56 ҷинояти авбошии аз қайд пинҳоншуда ошкор ва ба қайд монда шудааст. Дар давраи номбурда 68 ҷинояти авбошӣ дар ҳайати гурӯҳ, 6 ҷиноят дар ҳолати мастӣ ва 26 ҳодиса бо истифодаи силоҳ ё предмети ба сифати силоҳ истифодашаванда содир шудааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






