Маҳви маводи нашъадор аз ҷониби кормандони милитсия
Душанбе, 19.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳузури намояндагони расонаҳои хабарӣ, мақомоти прокуратура, суд ва дигар ташкилоту идораҳои марбута як тоннаву 516 кило навъҳои гуногуни маводи нашъадор, ки дар се моҳи соли равон мусодира карда шудаанд, аз тариқи сӯзонидан нобуд карда шуданд. Аз ҷумла, 125 кг героин, 373 кг афюн, 565 кг ҳашиш, 385 кг бангдонаи хушккардашуда, 159 бех ниҳоли бангдона ва дигар намуди моддаҳои нашъадор сӯзонида шуданд.
Солҳои охир кормандони милитсия муборизаро бар зидди роҳҳои муосири истифодаи маводи мухаддир пурзӯр намуда, аз муомилоти ғайриқонунӣ ҳазорҳо кило воситаҳои нашъадорро, ки ба ҳаёту саломатии одамон таҳдид мекунанд, дарёфт ва мусодира менамоянд.
Лозим ба ёдоварист, ки маводи нашъадори сӯзонидашуда он далелҳои шайъие буданд, ки вобаста ба 306 парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба 222 шаҳрванд, ки нисбаташон ҳукми суд содир гардида буд, тааллуқ доштанд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои дохилии ҶТ хабар доданд.








Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид






