Мардум бо руҳияи баланд дар раъйпурсӣ иштирок намуда, барои фардои дурахшони Тоҷикистон раъй медиҳанд

Май 22, 2016 12:34

Душанбе,22.05.2016/АМИТ «Ховар»/. «Аз субҳи барвақт раъйдиҳандагон бо руҳияи баланд ба участкаҳои раъйдиҳӣ омада,  барои  дурнамои рушди Тоҷикистон ва сарсабзию шукуфоии сарзаминамон раъй медиҳанд», мегӯяд Қурбоншо Абдуллоев, раиси комиссияи ҳавзавии раъйпурсии Данғара №54.
Бояд тазаккур дод, ки дар ҳавзаи раъйпурсии Данғара №54,  ки дорои 55 участкаи раъйдиҳист,   зиёда аз 77 ҳазор раъйдиҳандагон ба қайд гирифта шудаанд. Аз ин омор беш аз 1800 нафар ҷавононе мебошанд, ки бори нахуст дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ- раъйпурсии умумихалқӣ вобаста ба ворид  намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон  ширкат менамоянд. Қ. Абдуллоев афзуд, ки ҷараёни баргузории раъйпурсии умумихалқиро дар 55 участкаи раъйдиҳии ҳавзаи раъйдиҳии Данғара №54   мушоҳидони байналмилалӣ аз Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/, Кумитаи иҷроияи ИДМ ва инчунин мушоҳидони миллӣ мушоҳида доранд.
Мавриди  зикр аст, ки  субҳи 22 май дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи муҳими сиёсӣ- раъйпурсии умумихалқӣ доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни)  Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт. Дар ин росто шурӯъ аз соати 6:00 субҳ 3 ҳазору  239 участкаи  раъйдиҳӣ дар қаламрави кишвар дарҳои  худро ба рӯи раъйдиҳандагон боз намуданд.
Тибқи иттилои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд гузаронидани ин маъракаи муҳими сиёсӣ  дар ҷумҳурӣ 68 ҳавзаи раъйпурсӣ созмон дода шудааст. Ҳамзамон дар 29 давлати хориҷӣ 36 участкаи раъйдиҳӣ  ташкил карда шудааст.
Инчунин ҷиҳати таъмини шаффофият ва мушоҳидаи ошкорои   баргузории раъйпурсии умумихалқӣ  беш аз 120 нафар мушоҳидони байналмилалӣ аз Созмони ҳамкории Шанхай, Кумитаи иҷроияи ИДМ, Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ  ва аз корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон ҷараёни  баргузории  раъйпурсии умумихалқиро мушоҳида доранд.
Конститутсияи (Сарқонуни ) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  6 ноябри соли 1994 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шудааст,  то  имрӯз ба он ду маротиба дар солҳои  1999 ва 2003 тағйру иловаҳо ворид карда шудаанд.

Май 22, 2016 12:34

Хабарҳои дигари ин бахш

3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад