Маркази саломатии шаҳри Гулистон соҳиби таҷҳизоти нави муосир гашт
Гулистон, 22.05.2016. /АМИТ Ховар/. Соли равон дар вилояти Суғд «Соли фарди солим» эълон гаштааст. Вобаста ба ин баҳри беҳгардонии хизматрасонии тиббӣ ва шароити моддиву техникии муассисаҳои соҳаи тандурустӣ вобаста ба дастури роҳбари вилоят аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ва ҳамзамон шахсони саховатпеша ва соҳибкорон тадбирҳои мушаххас амалӣ мегарданд. Тавре ки ба АМИТ Ховар аз маркази итилоотии роҳбари шаҳр хабар доданд, дар радифи ин иқдомҳои нек аз ҷониби яке аз чунин шахсони саховатманд, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон, раиси «Бунёди шафқати ба номи Т.Зокирова» Турсуной Зокирова баҳри беҳдошти хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, ба Маркази саломатии шаҳрӣ таҷҳизотҳои тиббии муосир ба маблағи 55 ҳазор сомонӣ супорида шудаанд.
Бино ба иттилои манбаъ, шурӯъ аз соли равон аз ҷониби «Бунёди шафқати ба номи Т.Зокирова» барои хариди таҷҳизоти муосири тиббӣ ба муассисаҳои тандурустии шаҳр ба маблағи 150 ҳазор сомонӣ кумак расонида шудааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






