Меъёрҳои муайянкунандаи оила ва хонаи намунавӣ кадом аст?
Душанбе, 06.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо амри Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои муайян кардани оилаи намунавӣ, хонаи намунавӣ, деҳа, маҳалла, деҳот, шаҳрак, ноҳия, шаҳр, вилоят ва мақомоти марказии ҳокимияти давлатии беҳтарин мусобиқаи ҷумҳуриявӣ эълон гардида, марҳалаи нахустини он имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат идома дорад.
Тавре аз муҳтавои Амри Президенти мамлакат бармеояд, дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ҳар як сокини кишвар метавонад озодона иштирок карда, оила ва хонаи худро дар озмун муаррифӣ намояд. Зиёда аз ин, ҳар як шаҳрванди мамлакат имкон дорад, ки дар ғолибияти маҳаллаи худ, деҳот, шаҳрак, ноҳия, шаҳр ва вилояте, ки дар он зиндагӣ мекунад, бевосита саҳм гузошта бошад. Ба ибораи дигар Мусобиқаи ҷумҳуриявии мазкур ҳар як фарди ҷомеаро аз муҳити оила то ба сатҳи вилояту мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ фаро гирифта, ҳадаф аз баргузории Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ҳифзи анъанаҳои миллӣ, фарҳанг ва таъриху тамаддуни тоҷикон, гиромидошт, тарғибу оммавӣ гардонидани арзишҳо ва суннатҳои беҳтарини миллӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди иқтисодию иҷтимоии минтақаҳои мамлакат, ободонӣ ва бунёдкорӣ арзёбӣ шудааст.
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дода шуд, меъёрҳои муайянкунандаи оилаи намунавӣ нишондиҳандаҳои зерин муқаррар шудаанд:
— Тарбияи намунавии аҳли хонавода
— Хониши хубу аълои фарзандон
— Маълумотнокӣ ва шуғли хонавода
— Иштироки фаъоли аҳли хонавода дар корҳои ҷамъиятӣ ва давлатӣ
— Мавқеи оила дар маҳал
— Сатҳи дониш ва малака оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ, фарогирии кӯдакон бо эмгузаронӣ ва солимии репродуктивӣ
— Эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва муқаддасоти миллӣ (донистани забони давлатӣ, суруди миллӣ)
— Мавҷуд будани китобхонаи шахсӣ
— Шароит барои дарстайёркунии фарзандон
— Изҳори эҳтиром ба насли калонсол (таъмини арзандаи пиронсолони хонавода)
— Донишҳои аввалия оид ба банақшагирии буҷети оилавӣ.
Дар баробари муайян кардани оилаи намунавӣ ҳамчунин озмун барои муайян кардани хонаи намунавӣ низ дар доираи Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ гузаронида мешавад. Меъёрҳои муайянкунандаи хонаи намунавӣ чунин муқаррар шудаанд:
| — Симои меъмории ҳавлӣ ва хона |
| — Тозагӣ ва ободонӣ |
| — Истифодабарии замини наздиҳавлигӣ |
| — Ҳолати сабзазоркунӣ ва ниҳолшинонӣ |
| — Ҳолати тозагию беҳдоштӣ ва эпидемиологӣ (дастрасӣ ба оби
ошомиданӣ ва истифодаи сарфакоронаи он, мавҷуд будан ва ҳолати ҳоҷатхона, ҳаммом, партовҷойҳо) |
| — Пардохти саривақтии маблағҳо барои хизматрасониҳои
коммуналӣ (барқ, обу корезӣ, партов) ва андоз барои амвол.
|
Маврид ба зикр аст, ки дар марҳилаи якум аз тамоми хона ва оила, деҳа ё маҳалла, дар шаҳрак ва деҳот беҳтарини онҳо муайян шуда, ба марҳилаи дуюм (шаҳрӣ ва ноҳиявӣ) роҳ меёбанд.
Хотиррасон бояд шуд, ки ба ғолибони ниҳоии Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ дар рӯзҳои ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Пешвои миллат мукофотҳо тақдим карда мешаванд.
АМИТ «Ховар» аз натиҷаҳои марҳалаи якуми Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ мунтазам хабару гузоришҳо омода намуда, шартҳо ва меъёрҳои муайянкунандаи деҳа, маҳалла, деҳот, шаҳрак, ноҳия, шаҳр ва вилояти беҳтаринро ба таври алоҳида нашр мекунад.








ДАРАИ ШИРКЕНТ. Ҷозибаи нодири табиии ин минтақа изҳои панҷаи динозаврҳо ба шумор меравад
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид






