Дар Академияи миллии илмҳо бахшида ба 31-солагии Конститутсия конференсияи илмию амалӣ баргузор шуд

Ноябрь 5, 2025 09:59

ДУШАНБЕ, 05.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Конститутсия дар баробари мусоидат дар рушди ҳама самтҳои ҷомеа ба рушду такомули илми мамлакат ва заминаи мустаҳкам гузоштан барои таҳқиқотҳои илмӣ, ҳамчунин вусъат бахшидан ба таҳияи асарҳои илмии сатҳи байналмилалӣ ва ба ин васила боз ҳам баланд гардидани нуфузи олимон дар ҷумҳурӣ ва берун аз он мусоидат хоҳад намуд. Ин матлабро 3 ноябр президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода зимни конференсияи илмию амалӣ бахшида ба 31- солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон–асоси рушди давлати миллии демократӣ» баён намуд.

Қобилҷон Хушвахтзода иброз дошт, ки  31 сол аст, ки мардуми Тоҷикистон сарнавишти худро тибқи муқаррароти ин ҳуҷҷати воқеан тақдирсози ҷумҳурӣ муайян намуда, самтҳои муҳими ҳамаи соҳаҳои зиндагиашонро пеш мебаранд.

Ҳамасола ба муносибати таҷлили рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раёсат ва муассисаҳои илмии академия чорабиниҳои муҳими сиёсӣ, конференсия ва ҳамоишҳои илмӣ-амалӣ ва илмӣ-назариявӣ баргузор мешаванд, ки аз арҷгузорӣ ва эҳтироми самимӣ ба ин иди умумимиллӣ дарак медиҳанд.

Таъкид гардид, ки ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз бо заҳмату талошҳои пайвастаи фарзанди фарзонаи миллат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардид, ки пояҳои давлатдориро устувор намуда, роҳи минбаъдаи таҳким ва пешрафти онро муайян намуд.

Тавре Сарвари давлат  иброз намуданд: «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикоскунандаи воқеияти даврони истиқлолу озодии Ватан, рушди давлат ва пешрафти миллати тамаддунсози тоҷик мебошад».

Дар идомаи конфронс асари тозанашри профессор Абдураҳим Холиқзода зери унвони «Давлати миллии демократӣ», ки дар 2 ҷилд аз чоп баромадааст, рӯнамоӣ гардид.

Дар асари илмӣ масъалаҳои мубрами давлати миллӣ, манфиатҳои миллӣ бо арзишҳои демократию башарӣ, фикрҳои ҷолиби илмӣ бо истифода аз таҷрибаи ҷаҳонӣ ва илми давлатшиносӣ фаро гирифта шудаанд.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 

Ноябрь 5, 2025 09:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид