Муҳаммад Ашраф Ғанӣ: «Қалби ҳар як афғон барои суботу оромии Тоҷикистон ва қалби ҳар тоҷик барои суботи Афғонистон метапад»

Май 10, 2016 18:22

Душанбе, 10.05.2016. /АМИТ «Ховар»/. «Ман худро дар Тоҷикистон бегона ҳис намекунам, фикр мекунам, ки дар ҳавзаи фарҳангии бузурги  Осиёи Марказӣ  қарор дорам»,-гуфт Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ зимни вохӯрӣ бо донишҷӯёну устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикитон.

Вай афзуд, ки Тоҷикистону Афғонистон ду кишвари бо ҳам дӯсту ҳамсоя  буда, таърих, забон, дин ва фарҳанги муштарак доранд. Анъанаи ҳамкории ин ду кишвар аз умқи қарнҳо маншаъ мегирад. Ҳамкориҳои Тоҷикистону Афғонистон дар давоми 25 соли охир сабту сифати комилан нав касб кардаанд, ки ин аз баракати истиқлолияти Тоҷикистон мебошад.

Президенти Афғонистон аз он хушҳолӣ намуд, ки ӯ ба тарҷумон ниёз надорад ва метавонад паёмашро  мустақим ба ҷавонон расонад.

«Қалби ҳар як афғон барои суботу оромии  Тоҷикистон ва қалби ҳар тоҷик барои суботи Афғонистон метапад»,-илова намуд Муҳаммад Ашраф Ғанӣ.

Муҳаммад Ашраф Ғанӣ дар мавриди зарурати лоиҳаи «CASA-1000» ва ҳамкориҳои таърихии Тоҷикистону Афғонистон вобаста ба Роҳи абрешим низ изҳори назар кард.

Ёдовар мешавем, ки ҳоло дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон беш аз 40 шаҳрванди ҶИА, аз он 26 нафар дар зинаи донишҷӯӣ, 9 нафар дар зинаи магистрӣ ва 9 нафар дар зинаи докторӣ таҳсил мекунанд.

Май 10, 2016 18:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад