Муаррифии иқтидорҳои иқтисодии Тоҷикистон ва Туркия
Душанбе, 19.05.2016/АМИТ «Ховар»/. Мубодилаи мол байни Тоҷикистон ва Туркия коҳиш ёфта, дар соли 2015 беш аз 380 миллион $- ро ташкил дод, ки аз ин омор 255 миллион $ ба содирот ва 132 миллион $ ба воридот рост меояд. Ин матлаб дар ҷараёни баргузории ҳамоиши тиҷоратии доираҳои соҳибкорони Тоҷикистон ва Туркия, ки 19 май дар Душанбе баргузор гардид, садо дод. Манзура Рустамова -муовини раиси Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ ва Х.Авни Аксой, Сафири Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни ҳамоиши доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Туркия доир ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Туркия ибрози назар намуда, баргузории ҳамоиши тиҷоратиро қадами муҳим дар густариши равобити иқтисодии ду кишвар арзёбӣ карданд. Зикр шуд, ки байни Тоҷикистону Туркия 65 санади меъёрию ҳуқуқӣ ба имзо расонида шуда, алҳол дар Тоҷикистон 60 ширкати туркӣ дар бахшҳои мухталиф, хусусан сохтмон, кишоварзӣ ва туризм фаъолият доранд. Таъкид гардид, ки Туркия барои Тоҷикистон ҳамчун яке аз шарикони афзалиятноки иқтисодӣ маҳсуб шуда, миёни ду кишвар дар бахшҳои иқтисодиёт, тиҷорат, энергетика, саноат, маориф, фарҳанг, сохтмон ва меъморӣ ҳамкорӣ самарабахш мебошанд. Дар ҷараёни ҳамоиши тиҷоратии доираҳои соҳибкорони Тоҷикистону Туркия иқтидорҳои иқтисодии Тоҷикистону Туркия, хусусан фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон, фаъолияти Ассамблеяи содироткунандагони Туркия ва дигар зарфиятҳои иқтисодию тиҷоратии ҳар ду кишвар муаррифӣ гардиданд.
Мавриди зикр аст, ки ҳамоиши доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Туркия бо ибтикори Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ассамблеяи содироткунандагони Туркия ва Сафорати Туркия дар Тоҷикистон созмон дода шуда, тавсеа ва рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ байни Тоҷикистону Туркия, пайдо намудани шарикони ҳамкор барои соҳибкорони ватанӣ ва таъсиси корхонаҳои муштарак аз ҳадафҳои асосии ҳамоиши тиҷоратӣ маҳсуб мешаванд. Ҷиҳати иштирок дар ҳамоиши доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Туркия роҳбарону намояндагони беш аз 10 ширкати туркӣ ба Тоҷикистон ташриф овардаанд.
Интизор меравад, ки соҳибкорони турк ба корхонаҳои истеҳсолию саноатии Тоҷикистон рафта, бо фаъолияти онҳо аз наздик ошно мегарданд. Ҳамзамон дар фарҷоми ҳамоиши тиҷоратӣ ба имзо расонидани созишномаҳои ҳамкорӣ байни ширкатҳои ҳар ду кишвар дар назар аст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






