Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Директори генералии «Маҷмуату шарикот ал Шоеъ» Муҳаммад Ҳамад ал-Шоеъ

Май 16, 2016 17:06

Ал-Қувайт, 16.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар идомаи сафари расмӣ ба Давлати Кувайт дар Маркази тиҷоратӣ — фароғатии «Авеню» Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Директори генералии «Маҷмуату шарикот ал Шоеъ» Муҳаммад Ҳамад ал-Шоеъ мулоқот кард.
Дар ҷараёни вохӯрӣ бо ин соҳибкор, ки яке аз тоҷирони маъруфи Кувайт ва мамолики Халиҷ мебошад, барномаҳои иқтисодии Тоҷикистон дар соҳаҳои энергетикаи миёна ва хурд, саноати ранга, сабук ва хӯрокворӣ, сохтмон, кишоварзӣ, коммуникатсия муаррифӣ ва зарурати ҷалби сармояи кувайтӣ барои татбиқи онҳо ба миён гузошта шуд.
Таъкид гардид, ки тарҳу лоиҳаҳо дар соҳаи иктишофу истихроҷи канданиҳои фоиданок, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ, истеҳсоли маводи сохтмонӣ, фаъолияти бонкиву суғуртавӣ ва ғайра метавонад барои ширкатҳои Тоҷикистону Кувайт хеле фоидаовар бошад.
Имкони ҷалби қувваи корӣ ва дар сохтмони коллеҷу муассисоти иҷтимоӣ ва маърифатӣ омода намудани мутахассисони касбии тоҷик кори ниҳоят судманд ва яке аз роҳҳои дигари ҳамкорӣ номида шуд.

Май 16, 2016 17:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон