Мулоқоти сафир бо шаҳрвандони Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ
Душанбе, 12.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳрҳои Риёз ва Мадинаи Мунаввара вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Заробиддин Қосимӣ бо донишҷӯёни донишгоҳҳо ва теъдоде аз муҳоҷирони меҳнатӣ- шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Сафир доир ба пешрафту тараққиёти Тоҷикистон дар солҳои охир сухан гуфта, ҳозиринро бо ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи оянда, ки ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар равона шудаанд, шинос кард.
Зимнан атрофи моҳияти маъракаи муҳими сиёсии дарпешистода раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтугӯйи судманд сурат гирифт. Ҳамзамон ҳозирин бо маводи вобаста ба раъйпурсӣ шинос карда шуданд.
Даъват карда шуд, ки рӯзи 22 май барои овоздиҳӣ ба участкаҳои раъйпурсӣ омодашуда биёянд ва дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ иштироки фаъол намоянд.
Зимни суҳбати озод ҳозирин ба диққати бештар додан ба омӯхтани касбу ҳунарҳо ва илмҳои муосир, забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои нав, канорагирӣ намудан аз алоқамандӣ ба ҳар гуна равандҳои ифротию тундгароӣ, риояи талаботи қонунгузории Тоҷикистон ва кишвари иқомат, бо рафтору одоби шоиста муаррифӣ намудани мардуми тоҷик ва фарҳангу тамаддуни он, ҳамчунин таҳким бахшидан ба робитаҳои худ бо сафорат роҳнамоӣ карда шуданд.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






