Муроҷиатномаи намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятии вилояти Суғд ба сокинони кишвар

Май 2, 2016 11:41

Душанбе, 02.05.2016. /АМИТ «Ховар»/. 22 майи соли равон дар Тоҷикистон раъйпурсӣ барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Аз ин рӯ кишвари соҳибистиқлоли мо дар давраи сарнавиштсоз ва маъракаи хеле муҳими сиёсӣ қарор дорад. Мардуми шарифи кишвар бо истифода аз ҳуқуқҳои конститутсионӣ раъйи худро озодона изҳор намуда, дар рушди минбаъдаи диёри азизамон ҳиссаи арзандаи худро мегузоранд.
Маъракаи сиёсии интихоботи соли 2015 нишон дод, ки тоҷикистониён аз маърифати волои сиёсӣ бархурдор буда, ба дигаргуниҳои ҳаёти кишвар бетараф нестанд. Иштироки фаъолонаи мардум ифодагари иродаи сиёсии сокинон буд, зеро мардум ба хубӣ дарк карданд, ки мавқеи устувори сиёсиашон дар ҳаёти минбаъдаи онҳо нақши муҳим дорад.
Раванди маъракаи басо муҳим раъйпурсӣ низ аз масъулияти шаҳрвандиву сиёсии ҳар як кишвар вобастагӣ дорад, зеро мақсади асосии ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон- ин таъмини рушди устувору муттасили ҷомеа ва инкишофи бемайлони сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии он мебошад. Он имкон медиҳад, ки сатҳу сифати зиндагии мардум мунтазам баланд гардад ва инчунин ба рушди минбаъдаи равандҳои демократикунонии ҳаёти ҷомеа, ҳуқуқу озодиҳои инсон мусоидат намояд.
Тағйиру иловаҳо ба Конститутсия барои таҳкиму такмили асосҳои конститутсионии ҳокимияти давлатию рукнҳои асосии он равона гардида, ҳамзамон барои рушду мукаммал шудани он бо забони давлатӣ мусоидат хоҳанд кард. Дигар аз зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба конститутсия мутобиқ намудани меъёрҳои Қонуни асосӣ бо истилоҳу меъёрҳои санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ мебошад, ки ба ҳамкории минбаъдаи байналмилалии кишвар тавсеа ва рушд мебахшад.
Мо, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятии вилояти Суғд бо тафсири тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуда, ба чунин хулоса омадем, ки он ҷавобгӯи ниёзҳои ҷомеа ва талаботи меъёрҳои байналмилалӣ аст. Ба ҳамагон маълум аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи коршиносони байналмилалӣ беҳтарин эътироф гардидааст. Аммо бо назардошти тараққиёти минбаъдаи ҷомеа такмил додани он зарур аст, зеро инкишофу пешрафти ҷомеа тақозо мекунад, ки низоми давлатдорӣ ва мақомоти ҳокимияти давлатӣ пайваста таҳким ёбанд. Ин тағйирот рушди демократия ва ҳуқуқу озодиҳои инсонро дар пай дошта, бештар ба низоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва фаъолияту ҳамкории онҳо бахшида шудааст.
Бо назардошти ин, мо намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятии вилояти Суғд ба кулли ҳамватанон муроҷиат мекунем, ки дар ин маъракаи сиёсӣ бетараф набошанд. Мо чунин мешуморем, ки тағйиру иловаҳо барои таҳкими устувори пешрафти кишвар нақши муҳим доранд. Аз ин рӯ итминон дорем, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ба хубӣ дарк мекунанд, ки ҷиҳати иштирок дар раъйпурсӣ барои ноил шудан ба мақсадҳои олии худ қадами устуворе мегузоранд.
Шумо, мардуми сарбаланди Тоҷикистон дар рушди тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ, аз ҷумла ҷомеаи шаҳрвандӣ, демократия, озодӣ, таҳкими сулҳу ваҳдати комил, ҳаёти осоишта ва ояндаи босаодати Ватани маҳбубамон саҳмгузор хоҳед шуд.

Муроҷиатнома дар маҷлиси якҷояи намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятии вилояти Суғд 29 апрели соли 2016 қабул шудааст.

Май 2, 2016 11:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад