Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар ноҳияи Данғара ҳамоиши идона доир шуд
ДУШАНБЕ, 05.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 4 ноябр бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара ҳамоиши идона баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара хабар доданд.
Зимни ҳамоиш иброз гардид, ки Рӯзи Конститутсия яке аз ҷашнҳои асосии миллиӣ буда, ҳамасола 6 ноябр дар саросари мамлакат бо як шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил мегардад.
Конститутсия шаҳодатномаи халқи соҳибистиқлол ва номаи камоли давлати озоду соҳибихтиёри халқи тоҷик ба шумор меравад. Муҳимтар аз ҳама Тоҷикистони соҳибистиқлол худро ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ эълон кард, ки ин меъёр дар Конститутсия дарҷ гардидааст.
«Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қавию ғанӣ гардонидани пояҳои давлату давлатдорӣ, волояти қонун, таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон хизмат карда, бовар дорем, ки ин ҳуҷҷати муҳиму тақдирсоз оянда низ барои рушди ҷомеаи Тоҷикистон, оромиву осоиши ҳар як сокини мамлакат хизмат намуда, симои сиёсӣ ва обрую эътибори Тоҷикистонро дар ҷаҳони муосир муаррифи менамояд»,- гуфта шуд дар ҳамоиш.
Таъкид гардид, ки Конститутсияи Тоҷикистон як силсила ҳуқуқу озодиҳои фитрии инсон, аз ҷумла ҳуқуқ ба ҳаёт, ҳуқуқ ба дахлнопазирии шахсӣ, манзил, озодии эътиқод, озодии интихоби маҳалли зист ва дигар ҳуқуқу озодиҳоро муқаррар намудааст, ки ин ифодакунандаи моҳияти демократи ва иҷтимоии давлати Тоҷикистон мебошад.
Тазаккур дода шуд, ки ҷавҳари асосии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он иборат аст, ки давлат бояд ба ҷомеа ва одамон хизмат карда, барои беҳтар намудани аҳволи иҷтимоии шаҳрвандон вобаста ба иқтидори иқтисодӣ ва молиявии давлат шароити мусоид фароҳам оварад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара








Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад






