Мусобиқаи ҳарбӣ варзишӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон
Душанбе, 13.05.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади бедор намудани ҳисси ифтихори миллӣ, худшиносию худогоҳӣ ва пос нигоҳ доштани муқаддасоти Ватан, ҳимояи марзу буми кишвар бахшида ба Рўзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони «Ҷавонон — пайрави Пешвои миллат ва муҳофизи дастовардҳои 25 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мусобиқаи ҳарбӣ варзишии тирандозӣ миёни хизматчиёни ҳарбии сохторҳои низомӣ дар машқгоҳи тирандозии «Қаротегин» — и Клуби ҷумҳуриявии варзиши тирандозии созмони мудофиавии мамлакат баргузор шуд. Мусобиқа бо ташаббуси Кумитаи Марказии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи чорабиниҳои муштарак бо сохторҳои қудратии мамлакат дар самти тарбияи ватанпарастии шаҳрвандон доир гардид.
Дар оғози мусобиқа муовини раиси Кумитаи Марказии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Баҳром Рустамов доир ба рушди варзиши тирандозӣ дар ҷумҳурӣ сухан кард.
Дар мусобиқа дастаҳои Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиа, Сарраёсати Қўшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Қўшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ, Гвардияи миллӣ ва Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи кишвар иштирок намуданд.
Аз рўи ҳисоби умумидаставӣ дар мусобиқа дастаи Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои беҳтарин нишон дода, мақоми аввалро соҳиб гардид.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






