Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Ванҷ ба вақти дигар гузаронида шуд

Май 13, 2016 17:18

Душанбе, 13.05.2016. /АМИТ «Ховар»/. Тавре ки аз Вазорати корҳои дохилии ҶТ хабар доданд, бинобар сабаби ба амал омадани офатҳои табиӣ мусобиқаи ҷумҳуриявии варзишӣ оид ба гӯштини миллӣ дар ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷ ба вақти дигар гузаронида мешавад.
Аз вақти баргузории мусобиқаи мазкур иловатан хабар хоҳем дод.
Ёдовар мешавем, ки бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилии ҶТ ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд рӯзи 14 майи соли равон бахшида ба Рӯзи ҷавонон ва раъйпурсии умумихалқӣ дар ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷ мусобиқаи варзишӣ аз намуди гӯштини миллӣ баргузор мешуд.
Барои ғолиби мусобиқа Шоҳҷоиза — мошини сабукрави хориҷӣ пешбинӣ гардидааст.

Май 13, 2016 17:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст