Нақши олимони ҷавон дар рушди илм, инноватсия ва технология
Душанбе, 20.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси байналмилалии илмии Нақши олимони ҷавон дар рушди илм, инноватсия ва технология баргузор шуд.
Тавре ки аз маркази матбуоти АИ ҶТ ба АМИТ Ховар хабар доданд, президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ҳозиринро бо таҷлили ҳафтаи ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, муовини аввали раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муинӣ Мавсума Муинзода нақши ҷавононро дар илми муосир ёдрас намуд.
Дар ҷаласаи пленарии конфронс 4 маърӯзаи илмӣ муҳокима карда шуд.
Конфронс кори худро дар бахшҳои гуманитарӣ ва табиатшиносӣ идома бахшида, 28 маърӯзаи илмӣ аз ҷониби олимони ҷавон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар фарҷоми кори конфронс қарордоди дахлдор қабул карда шуд, ки дар он фаъолияти минбаъдаи олимони ҷавони муассисаҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мамлакатҳои ИДМ дар густариши ҳамкории судманди илмӣ дарҷ гардид.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






