Нозирони байналмилалӣ ҷараёни баргузории раъйпурсиро дар Кӯлоб мушоҳида менамоянд
Душанбе, 22.05. 2016/АМИТ «Ховар»/. «То соати 9:00 дар ҳавзаи раъйпурсии Кӯлоб №45 беш аз 30 фоизи раъйдиҳандагон дар раъйпурсии умумихалқӣ вобаста ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, овоз доданд», гуфт дар суҳбати телефонӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Абдураҳмон Толибов, раиси комиссияи ҳавзавии раъйпурсии Кӯлоб №45.
Мавсуф афзуд, ки дар 57 участкаи раъйдиҳии комиссияи ҳавзавии раъйпурсии Кӯлоб №45 маъракаи муҳими сиёсӣ- раъйпурсии умумихалқӣ дар сатҳи баланд идома дошта, мардум ба участкаҳои раъйдиҳӣ омада, барои фардои дурахшони Тоҷикистон раъй медиҳанд.
Дар комиссияи ҳавзавии раъйпурсии Кӯлоб №45 98 ҳазору 830 нафар раъйдиҳандагон ба қайд гирифта шудаанд, ки аз он беш аз ду ҳазор нафар бори нахуст дар ин чорбаинии муҳими сиёсӣ иштирок намуда, раъй медиҳанд. Инчунин наздики 5 ҳазор нафар дар хориҷи кишвар овоз медиҳанд.
Абдураҳмон Толибов афзуд, ки ҷараёни баргузории раъйпурсиро дар 57 участкаи раъйдиҳии ҳавзаи раъйпурсии Кӯлоб №45 мушоҳидони байналмилалӣ аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва инчунин нозирони миллӣ мушоҳида доранд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд






